https://sputnik.tj/20210728/fayzov-litseyi-oqohon-iqdom-omuzishi-zabon-1041239228.html
Файзов хост, синфҳои Литсейи Оқохон зиёд шаванд: иқдом барои омӯзиши пурраи 3 забон
Файзов хост, синфҳои Литсейи Оқохон зиёд шаванд: иқдом барои омӯзиши пурраи 3 забон
Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, бо Зӯлобӣ Мамадфозилов, мудири иҷроияи Хадамоти Оқохон оид ба маориф дар Тоҷикистон ва Қирғизистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд
2021-07-28T15:26+0500
2021-07-28T15:26+0500
2021-07-28T15:26+0500
дар тоҷикистон
маориф
вмкб
таълим
бунёди оқохон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1c/1041238750_0:75:720:480_1920x0_80_0_0_e9257547d11fd4756b3b4a3b6b6c66d9.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Зулобӣ Мамадфозилов, мудири иҷроияи Хадамоти Оқохон дар бахши маориф иттилоъ дод, ки дар соли таҳсили 2021 - 22 ба Литсейи Оқохон дар умум 260 нафар довталаб барои дохил шудан ба синфи тайерӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки ҳудуди 55 дарсадашон қабул шудаанд.Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ аз қавли Мамадфозилов иттилоъ дод, ки аз 260 нафар дар натиҷаи арзебӣ 142 нафар ба гуруҳҳои забони тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ дохил шудаанд.“Ба хотири пурра омӯхтани ҳар се забон роҳбарияти Хадамоти Оқохон оид ба маориф ният дорад дар оянда фанҳои дақиқро дар ҳамаи гуруҳҳо аз ҷумла дар гуруҳи тоҷикӣ ба забони англиси ба роҳ монад. Фанҳои гуманитарӣ дар ҳамаи гуруҳҳо ба забони тоҷикӣ ва забону адабиёти рус дар ҳамаи гуруҳҳо ба забони русӣ гузаронида хоҳанд шуд”, - омадааст дар иттилоия.Ёдгор Файзов дар мулоқот аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки волидон бисёр мехоҳанд фарзандонашон дар Литсейи Оқохон таҳсил намоянд, вале аз сабаби камчинии ҷой онҳо бенасиб ва дилшикаста мешаванд, ки ин ба руҳияи кӯдак низ таъсири манфӣ дорад.Ба иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Мамадфозилов Зулобӣ таклифро дастгирӣ намуд, вале қайд кард ки дар чунин ҳолат ба муаллимони донандаи забони ангилисӣ бештар ниёз хоҳанд дошт.Инчунин зикр шудааст, ки Хадамот ният дорад, дар ҳар як ҷамоати деҳот як маркази рушди барвактии кӯдакро таъсис диҳад, ки роҳбарияти вилоят аз он истиқбол кардааст. Файзов омодагии хешро барои таъмини синфхона ва расмиёти қонунии ташкили ин марказҳо баён намудааст.
https://sputnik.tj/20200217/Nakhustin-khatmkunandagoni-maktabi-Donishgoi-Osiyoi-Markaz-dar-Bokhtar-1030728839.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1c/1041238750_0:0:720:540_1920x0_80_0_0_7a0ad7a48599f38711cbe6631d4b45ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
файзов, вмкб, хадамоти оқохон
файзов, вмкб, хадамоти оқохон
Файзов хост, синфҳои Литсейи Оқохон зиёд шаванд: иқдом барои омӯзиши пурраи 3 забон
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, бо Зӯлобӣ Мамадфозилов, мудири иҷроияи Хадамоти Оқохон оид ба маориф дар Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъи феълии ҳамкориҳо ва нақшаҳои ояндаро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Зулобӣ Мамадфозилов, мудири иҷроияи Хадамоти Оқохон дар бахши маориф иттилоъ дод, ки дар соли таҳсили 2021 - 22 ба Литсейи Оқохон дар умум 260 нафар довталаб барои дохил шудан ба синфи тайерӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки ҳудуди 55 дарсадашон қабул шудаанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ аз қавли Мамадфозилов иттилоъ дод, ки аз 260 нафар дар натиҷаи арзебӣ 142 нафар ба гуруҳҳои забони тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ дохил шудаанд.
“Ба хотири пурра омӯхтани ҳар се забон роҳбарияти Хадамоти Оқохон оид ба маориф ният дорад дар оянда фанҳои дақиқро дар ҳамаи гуруҳҳо аз ҷумла дар гуруҳи тоҷикӣ ба забони англиси ба роҳ монад. Фанҳои гуманитарӣ дар ҳамаи гуруҳҳо ба забони тоҷикӣ ва забону адабиёти рус дар ҳамаи гуруҳҳо ба забони русӣ гузаронида хоҳанд шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Ёдгор Файзов дар мулоқот аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки волидон бисёр мехоҳанд фарзандонашон дар Литсейи Оқохон таҳсил намоянд, вале аз сабаби камчинии ҷой онҳо бенасиб ва дилшикаста мешаванд, ки ин ба руҳияи кӯдак низ таъсири манфӣ дорад.
“Хуб мешуд, ки Хадамот синфҳои иловагиро дар шаҳр ба иҷора гирифта шумораи синфҳоро зиёд намояд”, - изҳор доштааст Файзов.
Ба иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Мамадфозилов Зулобӣ таклифро дастгирӣ намуд, вале қайд кард ки дар чунин ҳолат ба муаллимони донандаи забони ангилисӣ бештар ниёз хоҳанд дошт.
Инчунин зикр шудааст, ки Хадамот ният дорад, дар ҳар як ҷамоати деҳот як маркази рушди барвактии кӯдакро таъсис диҳад, ки роҳбарияти вилоят аз он истиқбол кардааст. Файзов омодагии хешро барои таъмини синфхона ва расмиёти қонунии ташкили ин марказҳо баён намудааст.