ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор, ММКД-и Донишгоҳи Осиёи Маркзӣ нахустин маросими хатми таҳсилро дар маркази омӯзишии шаҳри Бохтар баргузор намуд.
Бештар аз 160 донишҷӯ дарсҳои забони англисии сатҳи гуфтугӯӣ, забони русӣ, банақшагирии тиҷорат, муҳосибот ва Гувоҳномаи байналмилалии корбарии компютер - ICDL-ро бо муваффақият хатм карданд. Маркази омӯзишии шаҳри Бохтар моҳи марти соли 2019 ифтитоҳ шуда, то имрӯз 635 донишомӯзро ба таҳсил фаро гирифтааст.
“ММКД фурсатеро фароҳам кардааст, ки ман метавонам дониши худро дар заминаи тиҷорат ва инчунин эҷоди робита бо дигар соҳибкорон дар вилоят тавсеа диҳам. Дониш аз пояҳои аслии расидан ба муваффақият аст ва чизеро, ки мо дар ММКД омӯхтем ба амалӣ намудани нақшаҳо, расидан ба қуллаҳои нав ва боло бурдани маҳоратҳои касбии мо ба гунаи чашмрас мусоидат мекунад”, - мегӯяд Акмал Акрамшоев, хатмкунандаи дарси Банақшагирии тиҷорат аз ноҳияи Ҷайҳун.
Дарсҳои Банақшагирии тиҷорат дар ММКД дар доираи лоиҳаи муштараки Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Бунёди Оқохон таҳти унвони “Пешрафти Тоҷикистон: Ҳамкорӣ барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ”, баргузор мешаванд. Шурӯъ аз моҳи марти соли 2019 54 донишомӯз дар дарси 150 соатаи ММКД худро сабти ном карда, 46 нафари онҳо ҳангоми маросими хатм соҳиби гувоҳнома гардиданд.
Мактаби маълумот касбӣ ва давомдор ба унвони шарики амалӣ намудани лоиҳаи “Пешрафти Тоҷикистон” ҳадаф гузоштааст, ки 165 ҳазор сокинро мустақиман ва 460 ҳазор бошандаи 16 ноҳияи Тоҷикистон воқеъ дар марз бо Афғонистонро ба таври ғайримустақим дар барномаҳои худ фаро гирад. Лоиҳаи “Пешрафти Тоҷикистон” ҳамкории худро ҷиҳати тақвият додани рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мардону занон ва кӯдакони вилояти Хатлон ва ВМКБ бештар мекунад.
ММКД дар доираи ин лоиҳа соҳибкоронро дар заминаи дастрасӣ ба сармоягузорӣ ва хизматрасониҳои техникӣ дастгирӣ мекунад. Ҳадафи мазкур бо густариш додани давраҳои омӯзишии соҳибкорӣ ва соҳибкории иҷтимоии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар 16 ноҳияи марзии ВМКБ ва Хатлон амалӣ мешавад.