https://sputnik.tj/20210728/eloni-rohbandi-sugd-ayni-shahri-buston-1041226317.html
Эълони се рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: аз ноҳияи Айнӣ то шаҳри Бӯстон
Эълони се рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: аз ноҳияи Айнӣ то шаҳри Бӯстон
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии (БДА) ВКД дар вилояти Суғд бо нашри эълони расмӣ гуфтааст, ки ҳаракат дар кӯчаҳои шаҳру навоҳии Суғд давоми се рӯзи оянд муваққатан маҳдуд карда мешавад
2021-07-28T09:45+0500
2021-07-28T09:45+0500
2021-07-28T10:00+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
вкд
суғд
бда
айнӣ
раисҷумҳур
роҳбандӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/87/1022268788_0:50:2155:1262_1920x0_80_0_0_018875557658bb6ba8aa344a77b6d9bb.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Бино бар эълони БДА, ки нусхаи он дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дода шуд, ба истиқболи сафари кории меҳмонони олимақом ба шаҳру навоҳии Суғд давоми се рӯз ҳаркати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо маҳдуд карда мешавад.“Санаи 28 июли соли 2021, ҳаракат дар кӯчаҳои марказии ноҳияи Айнӣ ва санаи 29 июл, кӯчаҳои марказии ноҳияи Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, кӯчаҳои марказии ноҳияи Спитамен, роҳи ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов, ҷамоати Деҳмой, роҳи Хуҷанд – Конибодом, кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, роҳи ноҳияи ба номи Б. Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, маҳдуд карда мешавад”, - омадааст дар иттилоияи БДА.Инчунин санаи 30 июл, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, кӯчаҳои ба номи И. Сомонӣ, К. Хуҷандӣ ва А. Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд, роҳи кӯчаи ба номи Насриддинови ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон муваққатан маҳдуд карда мешавад.Қурбонзода Суҳроб, сардори Раёсати БДА ВКД дар вилояти Суғд бо нашри ин эълон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар роҳҳу кӯчаҳои зикршуда ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.Сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуда, қарор аст то 30 июл идома ёбад. Хадамоти матбуоти мақсади сафари кишвардорро, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон гуфтааст.
https://sputnik.tj/20210728/emomali-rahmon-sughd-1041226206.html
суғд
айнӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/87/1022268788_29:0:1944:1436_1920x0_80_0_0_527a1fcd681c26bf3869039390b35c5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, роҳбандӣ, суғд, бда, вкд, ҳаракат, мошинҳо
тоҷикистон, роҳбандӣ, суғд, бда, вкд, ҳаракат, мошинҳо
Эълони се рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: аз ноҳияи Айнӣ то шаҳри Бӯстон
09:45 28.07.2021 (Навсозишуда: 10:00 28.07.2021) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии (БДА) ВКД дар вилояти Суғд бо нашри эълони расмӣ гуфтааст, ки ҳаракат дар кӯчаҳои шаҳру навоҳии Суғд давоми се рӯзи оянд муваққатан маҳдуд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Бино бар эълони БДА, ки нусхаи он дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дода шуд, ба истиқболи сафари кории меҳмонони олимақом ба шаҳру навоҳии Суғд давоми се рӯз ҳаркати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо маҳдуд карда мешавад.
“Санаи 28 июли соли 2021, ҳаракат дар кӯчаҳои марказии ноҳияи Айнӣ ва санаи 29 июл, кӯчаҳои марказии ноҳияи Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, кӯчаҳои марказии ноҳияи Спитамен, роҳи ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов, ҷамоати Деҳмой, роҳи Хуҷанд – Конибодом, кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, роҳи ноҳияи ба номи Б. Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, маҳдуд карда мешавад”, - омадааст дар иттилоияи БДА.
Инчунин санаи 30 июл, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, кӯчаҳои ба номи И. Сомонӣ, К. Хуҷандӣ ва А. Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд, роҳи кӯчаи ба номи Насриддинови ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Қурбонзода Суҳроб, сардори Раёсати БДА ВКД дар вилояти Суғд бо нашри ин эълон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар роҳҳу кӯчаҳои зикршуда ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.
Сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуда, қарор аст то 30 июл идома ёбад.
Хадамоти матбуоти мақсади сафари кишвардорро, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон гуфтааст.