https://sputnik.tj/20210728/bozdosht-du-mansabdor-balandpoya-1041233759.html
Ожонсии зидди фасод аз боздошти ду мансабдори баландпоя хабар дод
Ожонсии зидди фасод аз боздошти ду мансабдори баландпоя хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз порагирии мансабдорон гуфт
2021-07-28T13:11+0500
2021-07-28T13:11+0500
2021-07-28T13:11+0500
парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
парванда
боздошт
фурӯши қитъаҳои замин
сулаймон султонзода
ожонси зидди фасод
мансабдорон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719123_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_6995a7e0f95ed9e055d012925bef32ad.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе, боздошти ду мансабдорро шарҳ дод.Ба гуфти Султонзода, ҳарду кормандони давлатӣ ҳам ба иттиҳоми порагирӣ боздошт шудаанд.Ҳамин тавр, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич Санатуллозода Суҳбатулло аз шаҳрванд Салимов барои ҷудо намудани қитъаи замин 100 000 сомонӣ пора талаб намудааст.Мансабдор моҳи апрели соли ҷорӣ ҳамнгоми аз Салимов гирифтани 4700 доллар ва 23 ҳазор сомонӣ дастгир карда шудааст.Ҳамчунин, сардори муассисаи тафтишотии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар шаҳри Истаравшан Акрамзода Фирдавс бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд Иброҳимов пора талаб намудааст.Ӯ ваъда кардааст, ки бар ивази 30 ҳазор сомонӣ ва 1 ҳазор доллар бародараш Иброҳимови маҳкумро ба калонияи ислоҳии сукунат интиқол медиҳад.Ба гуфти директори Ожонсии зидди фасод оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Санатуллозода ва Акрамзода бо моддаҳои 247 қисми 4 банди б ва 319 қисми 4 банди г-и кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.Ҳамчунин тибқи маъмулоти Ожонсии мубориба бо фасод, дар давоми шаш моҳи соли равон муфаттишони агентӣ бо дарназардошти бақия 547 парвандаро ба пешбурд қабул карда, тафтиши пешакии 371 адади онро нисбати 483 нафар ба итмом расонидаанд.Аз ин шумора 310 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 396 нафар бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардида, 61 парванда нисбати 87 нафар дар пешбурд қатъ крада шудааст, ки 35 адади он нисбати 53 нафар бо татбиқи қонуни ҶТ дар бораи авф мебошад.Султонзода мегӯяд, дар ин давра ҳолатҳои баргардонидани парвандаҳои ҷиноятӣ ба тафтиши иловагӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура ва суд ва ё бо асосҳои сафедкунанда дар баррасии судӣ қатъ гардидани онҳо ҷой надоранд.
https://sputnik.tj/20210728/nihodho-fasodzada-tojikiston-1041231531.html
https://sputnik.tj/20210728/barodar-alimardonov-afv-1041230795.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719123_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_3592a5f6578c4c8b2d3b78bd9b83335b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, мансабдорон, тоҷикистон, ожонси зидди фасод
боздошт, мансабдорон, тоҷикистон, ожонси зидди фасод
Ожонсии зидди фасод аз боздошти ду мансабдори баландпоя хабар дод
Ҳарду мансабдор ҳам дар паи гирифтани пора боздошт шудаанд
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе, боздошти ду мансабдорро шарҳ дод.
Ба гуфти Султонзода, ҳарду кормандони давлатӣ ҳам ба иттиҳоми порагирӣ боздошт шудаанд.
Ҳамин тавр, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич Санатуллозода Суҳбатулло аз шаҳрванд Салимов барои ҷудо намудани қитъаи замин 100 000 сомонӣ пора талаб намудааст.
Мансабдор моҳи апрели соли ҷорӣ ҳамнгоми аз Салимов гирифтани 4700 доллар ва 23 ҳазор сомонӣ дастгир карда шудааст.
Ҳамчунин, сардори муассисаи тафтишотии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар шаҳри Истаравшан Акрамзода Фирдавс бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд Иброҳимов пора талаб намудааст.
Ӯ ваъда кардааст, ки бар ивази 30 ҳазор сомонӣ ва 1 ҳазор доллар бародараш Иброҳимови маҳкумро ба калонияи ислоҳии сукунат интиқол медиҳад.
Ба гуфти директори Ожонсии зидди фасод оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Санатуллозода ва Акрамзода бо моддаҳои 247 қисми 4 банди б ва 319 қисми 4 банди г-и кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Ҳамчунин тибқи маъмулоти Ожонсии мубориба бо фасод, дар давоми шаш моҳи соли равон муфаттишони агентӣ бо дарназардошти бақия 547 парвандаро ба пешбурд қабул карда, тафтиши пешакии 371 адади онро нисбати 483 нафар ба итмом расонидаанд.
Аз ин шумора 310 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 396 нафар бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардида, 61 парванда нисбати 87 нафар дар пешбурд қатъ крада шудааст, ки 35 адади он нисбати 53 нафар бо татбиқи қонуни ҶТ дар бораи авф мебошад.
Султонзода мегӯяд, дар ин давра ҳолатҳои баргардонидани парвандаҳои ҷиноятӣ ба тафтиши иловагӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура ва суд ва ё бо асосҳои сафедкунанда дар баррасии судӣ қатъ гардидани онҳо ҷой надоранд.