https://sputnik.tj/20210723/hisoroti-tojikiston-ofathoi-tabii-1041132093.html
Миллионҳо: хисороти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ маълум шуд
Миллионҳо: хисороти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Давоми ним моҳ дар Тоҷикистон тақрибан 300 офати табиӣ рух дод, ки ҷони 23 нафарро гирифт
2021-07-23T18:04+0500
2021-07-23T18:04+0500
2021-07-23T19:04+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
оқибати офатҳои табиӣ
хисорот
рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0f/1040215798_0:0:3337:1878_1920x0_80_0_0_b30fa3611603ebd239732f3263334f5b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Офатҳои табиӣ, аз моҳи январ то моҳи июли соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 111 миллион сомонӣ (9,7 миллион доллар) зарари моддӣ расонданд. Дар ин бора кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд. Ин ниҳод қайд кард, ки дар шаш моҳи аввали соли 2021 дар кишвар 299 офати табиӣ ба қайд гирифта шуд. Дар паи ин офатҳо 23 нафар ҷон аз даст дод.Дар натиҷаи фаромадани сел нӯҳ сокини кишвар ҳалок шуда, ҳафт тан зери тарма монданд. Панҷ нафари дигар бар асари ярч ва ду каси дигар аз сангрезӣ ҷони худро аз даст додаанд. КҲФ таъкид кард, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда 337 бинои истиқоматӣ осеб дида, 140 хона пурра хароб шуданд. Ғайр аз ин, офатҳо ба ҳашт муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 42 пул ва 213 километр роҳ зарар расонданд. Кариб 40 ходисаи нохуши табий ба хоҷагии халқ зарари моддй расонд. Ҳамин тариқ, тақрибан 3500 гектар майдони кишт хароб шуд. Намояндагони КҲФ, гуфтанд, ки ба зарардидагони офатҳои табиӣ кумак расонида шудааст: ба онҳо масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва ашёи рӯзгор тақдим карда шуд. Кумита қайд кард, ки сарфи назар аз баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ ва санҷишӣ, мардум оббозӣ кардан дар ҷойҳои мамнӯро идома медиҳанд. Бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар Тоҷикистон, 69 нафар сокинон дар шаш моҳи соли 2021 ғарқ шуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 - 35 нафар бештар аст. Тибқи иттилои КҲФ, асосан, кӯдакони аз 11 то 17-сола ва бузургсолони то 35-сола ғарқ мешаванд.
https://sputnik.tj/20210723/khf-omor-gharqshud-favt-ofat-tabii-1041118267.html
https://sputnik.tj/20210526/kay-sohtmon-manzilho-osebdidahoi-sel--tojikiston-anjom-1039766614.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0f/1040215798_606:0:3337:2048_1920x0_80_0_0_90e5c055acca7d5b0d283a1e5722f496.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
офатҳои табиӣ, кҳф, хисорот
офатҳои табиӣ, кҳф, хисорот
Миллионҳо: хисороти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ маълум шуд
18:04 23.07.2021 (Навсозишуда: 19:04 23.07.2021) Давоми ним сол дар Тоҷикистон тақрибан 300 офати табиӣ рух дод, ки ҷони 23 нафарро гирифт
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Офатҳои табиӣ, аз моҳи январ то моҳи июли соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 111 миллион сомонӣ (9,7 миллион доллар) зарари моддӣ расонданд.
Дар ин бора кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.
Ин ниҳод қайд кард, ки дар шаш моҳи аввали соли 2021 дар кишвар 299 офати табиӣ ба қайд гирифта шуд. Дар паи ин офатҳо 23 нафар ҷон аз даст дод.
Дар натиҷаи фаромадани сел нӯҳ сокини кишвар ҳалок шуда, ҳафт тан зери тарма монданд. Панҷ нафари дигар бар асари ярч ва ду каси дигар аз сангрезӣ ҷони худро аз даст додаанд.
КҲФ таъкид кард, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда 337 бинои истиқоматӣ осеб дида, 140 хона пурра хароб шуданд.
Ғайр аз ин, офатҳо ба ҳашт муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 42 пул ва 213 километр роҳ зарар расонданд.
Кариб 40 ходисаи нохуши табий ба хоҷагии халқ зарари моддй расонд.
Ҳамин тариқ, тақрибан 3500 гектар майдони кишт хароб шуд.
Намояндагони КҲФ, гуфтанд, ки ба зарардидагони офатҳои табиӣ кумак расонида шудааст: ба онҳо масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва ашёи рӯзгор тақдим карда шуд.
Кумита қайд кард, ки сарфи назар аз баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ ва санҷишӣ, мардум оббозӣ кардан дар ҷойҳои мамнӯро идома медиҳанд.
Бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар Тоҷикистон, 69 нафар сокинон дар шаш моҳи соли 2021 ғарқ шуданд.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 - 35 нафар бештар аст. Тибқи иттилои КҲФ, асосан, кӯдакони аз 11 то 17-сола ва бузургсолони то 35-сола ғарқ мешаванд.