https://sputnik.tj/20210723/khf-omor-gharqshud-favt-ofat-tabii-1041118267.html
КҲФ омори ғарқшудаҳо ва фавтидаҳо аз офати табииро гуфт: зиёд шудааст
КҲФ омори ғарқшудаҳо ва фавтидаҳо аз офати табииро гуфт: зиёд шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Давоми шаш моҳи гузашта ғарқшавии бештари сокинон дар каналу рӯдхонаҳои кишвар сабт шудааст 23.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-23T12:44+0500
2021-07-23T12:44+0500
2021-07-23T12:52+0500
кҳф
офати табиӣ
ғарқ шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039393971_81:0:1181:619_1920x0_80_0_0_4bde22279a418c68e3cfa2f952706f26.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн - Sputnik. Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ тайи ним соли гузашта дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои Тоҷикистон 69 нафар ғарқ шудаанд. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Имомалӣ Иброҳизода ба хабарнигорон гуфт.Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта ба 34 нафар баробар буд.Ба гуфтаи Иброҳимзода, ҳарчанд аз ҷониби кормандони Кумитаи мазкур миёни аҳолӣ таблиғоти зиёд роҳандозӣ мешавад, боз ҳам, мутаассифона, дар иншооти обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд.Номбурда гуфт, ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ 299 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки 22 қурбонӣ дар пайи дошт.Гуфта мешавад, аз ин ин теъдод, 8 нафар дар сел, 7 нафар дар пайи лағжиши тарма, 5 тан дар ярч ва 2-и дигар дар сангрезиш фавтидаанд.Ҳамзамон дар пайи офатҳои табиӣ 377 хона (140 хона пурра, 197 манзил қисман) зарар дидаанд.
https://sputnik.tj/20210713/khf-manzilho-harobgashta-zaminjunbi-1040850871.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039393971_218:0:1043:619_1920x0_80_0_0_ce41e34accb51bb2e043fc330c3b37a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф, офати табиӣ, ғарқ шудан
кҳф, офати табиӣ, ғарқ шудан
КҲФ омори ғарқшудаҳо ва фавтидаҳо аз офати табииро гуфт: зиёд шудааст
12:44 23.07.2021 (Навсозишуда: 12:52 23.07.2021) Давоми шаш моҳи гузашта ғарқшавии бештари сокинон дар каналу рӯдхонаҳои кишвар сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 23 июн - Sputnik. Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ тайи ним соли гузашта дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои Тоҷикистон 69 нафар ғарқ шудаанд. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Имомалӣ Иброҳизода ба хабарнигорон гуфт.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта ба 34 нафар баробар буд.
"Аз теъдоди умумии фавтидагон 9 нафар то 4 - сола, 11 нафар аз 5 то 10 - сола,17 нафар аз 11 то 16 - сола, 17 нафар аз 17 то 35 - сола ва 15 нафар аз 35 - сола боло мебошанд", гуфт, Имомалӣ Иброҳизода.
Ба гуфтаи Иброҳимзода, ҳарчанд аз ҷониби кормандони Кумитаи мазкур миёни аҳолӣ таблиғоти зиёд роҳандозӣ мешавад, боз ҳам, мутаассифона, дар иншооти обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд.
Номбурда гуфт, ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ 299 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки 22 қурбонӣ дар пайи дошт.
Гуфта мешавад, аз ин ин теъдод, 8 нафар дар сел, 7 нафар дар пайи лағжиши тарма, 5 тан дар ярч ва 2-и дигар дар сангрезиш фавтидаанд.
Ҳамзамон дар пайи офатҳои табиӣ 377 хона (140 хона пурра, 197 манзил қисман) зарар дидаанд.