"Кушту ба хонаи занаш гурехт": бибии Руфейда фарзияҳои ифшоношудаи қатли набераашро гуфт

© Фотки предоставлены Гулсун ИноятовойРуфейда Иноятова
Руфейда Иноятова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Гулсун Иноятова, бибии Руфейдаи ғӯрамарг дар рӯзи зодрӯзи наберааш ӯро ба ёд оварду бархе фарзияҳои навро дар бораи муттаҳам дар куштори духтарак гуфт
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Хабари куштори даҳшатбори Руфейда Иноятова, авалҳои моҳи июл дар ноҳияи Рӯдкӣ ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ 4 июл хабари гум шудани Руфейда, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ нашр гардид, 5 юл наздикони кӯдак хабар додаанд, ки ҷасадашро пайдо кардаанд.
Дертар аммаи тифл ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ дод: ба гуфтаи вай, Руфейдаро ҳамсояашон Раҳматуллои 30-сола аввал таҷовуз карда, сипас куштаасту ҷисмашро пора карда, ба ҳоҷатхона партофтааст.
Ин ҳодисаи гӯшношунид фаъолонро водор сохт, ки мактуби саркушодае ба номи мақомот навиштаву дархости ташдиди ҷазо ба ин намуд ҷиноятҳо дар Тоҷикистон шаванд. Мақомот ба ин мактуб вокуниш ҳам карданд.
Руфейдаро ҳамагӣ 9 рӯз пеш аз зодрӯзаш куштанд. Агар духтарак зинда мешуд, ӯ ва дугоникаш Румейса имрӯз, 13 июл 8-сола мешуданд.
Ҳамин тавр, Гулсун Иноятова, бибии кӯдакон, ки феълан дар Русия қарор дорад, дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи гумонбари куштори Руфейда, ҳамсояашон Раҳматулло Гадоев, фарзияҳои нави қатли духтарак, хонаводаашон ва орзуву умедҳои Руфейдаи ғӯрамарг гуфт.

Хонаи беҳоҷатхонаву беоб: Руфейда ба қазои ҳоҷат рафту гум шуд

Руфейда 8 сол пеш дар дар ҳамин рӯз бо дугоникаш Румейса дар деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омад. Аммо 4 июл ба ҳоҷатхонаи бибикалонаш, ки дар наздикии хонаи онҳост, рафту барнагашт.
Дар маҳалле, ки то ҳамон рӯзи шум барояш амн буд, аз бибикалону бибияш то падараш зиндагӣ кардаанд.
© Фотки предоставлены Гулсун ИноятовойСестры двойняшки Руфейда и Румайсо
Сестры двойняшки Руфейда и Румайсо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Сестры двойняшки Руфейда и Румайсо
Ба гуфтаи Гулсун Иноятова, хонаи онҳо аз ҷумлаи чанд бинои дуошёна дар ҷамоати Навобод ба як коргоҳи пахта, ки дар он ҳазорҳо нафар кор мекарданду пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз кор монд, тааллуқ дошт. Пас аз фурӯхта шудани коргоҳ, ин хонаҳоро сокинон аз соҳибмулк харидаву шахсӣ карданд. Аммо ин биноҳо аз аввал шароити хуб надоштанд.

"Аз ҳамон давраҳои шӯравӣ дар ин хонаҳо шароити хубе набуд. Аввалҳо обро аз кӯча мекашонидем, сипас он ҷумак ҳам хушк шуду ҳоло насос гузоштаву обро ба боло мекашем", - мегӯяд зан.

Аммо ҳоҷатхона дар ин биноҳо як мушкилии дигар аст: аз сабаби пурра корношоям шудани ташноб, ягон нафар сокинони бино дар ҳуҷраҳояшон ҳоҷатхона надоранд.
"Нафароне, ки дар қабати авал хона доранд, қитъаи замини назди хонаашонро ҷудо кардаву дар он ҷо барояшон ҳоҷатхона сохтаанд. Хонаводаи мо барои қазои ҳоҷат ба ҳоҷатхонаи манзили мадарам, ки дар наздикиамон зиндагӣ мекунанд, мерафтанд", - меафзояд Гулсун Иноятова.
Ба гуфтаи бибии Руфейда, ин мушкилӣ борҳо ба мақомоти маҳаллӣ матраҳ шуда буд, аммо ҳаллашро пайдо накард.

Нони қоқу табъи чоқ, ё кулба вайронаву оилаи хушбахт

Гулсун Иноятова се фарзанд - ду духтар ва як писар дорад. Ба гуфтаи ӯ, модараш як замон аз Украина Тоҷикистон меравад, падарш тоҷик аст. Модари шавҳараш низ зани рус будааст, падараш тоҷик.
"Барои ҳамин дугоникҳо чашмони кабуди зебо, мӯйҳои малла доштанд", - меафзояд зан.
Шавҳари Гулсун, бобои Руфейда ҳангоми муҳоҷират дар Русия фавтида будааст, барои ҳамин падари Руфейда - Валиҷон қарор додаст, ки ҳеҷ гоҳ муҳоҷир намешавад.
Зан мегӯяд, падари Руфейда ошиқи шайдо модараш Меҳрангез гардида, ӯро ба занӣ гирифта буд. Хушдоман низ аз духтари хушкардаи писараш розист.
"Падари Меҳрангез ҳанӯз вақте кӯдак буд, вафот кардааст. Модараш низ вақте ӯ арӯси хонаводаи мо буд, даргузашт. Келинам маро дӯст медорад ва ҳурмату эҳтиром мекунад", - мегӯяд бо қаноатмандӣ зан.
Хушбахтии оила бо таваллуди дугонаҳо даҳчанд гардид - Руфейда ва Румейсаи паричеҳра ва ҷингиламӯй ҳарчанд норасида таваллуд шуданд, таваҷҷӯҳи тамоми оила ба онҳо буд.
Ҳатто наздикон хостанд, барояшон номеро гузоранд, ки зебо ва нодир бошад.
Дар натиҷа аз фарҳанги мусалмонӣ ин ду номи зеборо интихоб карданд: Руфейда ва Румейса.

Ба гуфтаи бибӣ, маънои номи Руфейда нахустин зани парастор дар ислом аст.

Дугоникҳо як хоҳари калонӣ ва як додарак низ доранд, ки 2 сол дорад.
Чанд рӯз то зодрӯз Руфейдаву хоҳараш рӯз мешумориданд. Руфейда зоча фармоиш медод, ки дар рӯзи зодрӯзаш ҳадя кунанд. Ӯ дучархарониро низ дӯст медошт.
© Фотки предоставлены Гулсун ИноятовойСестры двойняшки Руфейда и Румайсо
Сестры двойняшки Руфейда и Румайсо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Сестры двойняшки Руфейда и Румайсо
Бибияш мегӯяд, ҳарчанд Руфейда аълохон набуд, аммо нағз мехонд. Оромтабиат буд, дугонаҳои бисёр надошт, танҳо ҳамон фарзандони Раҳмутулло Гадоев, ки гумонбар дар куштораш аст, аз дӯстонаш буданд: гоҳо ба хонаашон меомаданд ва гоҳо ба хонаи онҳо мерафт, ё дар ҳавлӣ бозӣ мекарданд.

Гург дар либоси гӯсфанд ё Раҳматуллое, ки дар сангинтарин ҷиноят муттаҳам аст, кӣ буд?

Гулсун Иноятова мегӯяд, на танҳо хонаводаи вай дар ин бино, балки волидони Раҳматулло Гадоев, ки бо иттиҳоми даст доштан дар куштори Руфейдаи ғӯрамарг боздошт шудааст, солҳост дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекарданд.
"Хонаи қотили Руфейда дар даромадгоҳи якуми бино, хонаи мо дар даромадгоҳи дувум", - мегӯяд зан.
Хоҳари Раҳматулло бо духтари Гулсун Иноятова дӯст буданд, модари Раҳматулло Оимгул доим ба хонаи Гулсун рафтуомад мекард, Раҳматуллоро шавҳари марҳуми зан писархонд мегуфт.
"Падари Раҳматулло дар зиндон мурда буд. Барои ҳамин, худораҳматии шавҳарам ба хонаводаи онҳо ҳар кӯмаке, ки аз дасташ меомад, дареғ намедошт. Раҳматуллоро писархонд мегуфт", - бо таассуф ба ёд меорад зан.
Раҳматуллои 30-сола, оиладор ва соҳиби се фарзанд будааст: як писар ва ду духтар.
Гулсун Иноятова мегӯяд, ҳамсараш низ зани оромтабиат ва хушандом аст.
Раҳматулло Гадоев то замони боздошташ дар як коргоҳи хурди пахта дар наздикии хонаашон кор мекардааст.

Ӯро аз вилояти Суғд пайдо карда оварданд: кушту гурехт?

Гулсун Иноятова бархе фарзияҳои нави қазияи кушторро низ ироа кард.
Ба гуфтаи вай, пеш аз боздошт кормандони милиса гумонбаршавандаро аз вилояти Суғд пайдо карда, овардаанд.
© Фотки предоставлены Гулсун ИноятовойСестры двойняшки Руфейда и Румайсо
Сестры двойняшки Руфейда и Румайсо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Сестры двойняшки Руфейда и Румайсо
Ҳамин тавр, ба гуфтаи вай, вақте Руфейда нопадид мешавад, кӯшишҳои пайдо намуданаш як рӯз бенатиҷа мемонанд. Як рӯз пас, яке аз ҳамсояҳо ба мақомот мегӯяд, ки бори охир дида буд, ки Руфейда ба хонаи Раҳматулло медарояд. Вақте манзили Раҳматуллоро мекӯбанд, касе посух намедиҳад.
Сипас ба рақамҳои Гадоев занг мезанад, ӯ нахуст телефонро намебардорад, баъд тамоман хомӯш мекунад.

Ба замми ин, ба гуфтаи Гулсун Иноятова, ҳамсояҳо вақте Руфейдаро аз тамоми кӯчаву пасткӯчаҳо меҷустанд, як чизи аҷибро пай бурданд: ҳамсояи ҷонии онҳо, Оимгул ба ин қазия ҳамроҳ намешуд, ӯ хонаву даромадгоҳро нахуст шуст, сипас дарашро қулф заду шитобон ва бо таҳлука ба куҷое ғайб зад.

Ҳамин тавр, баъди як нишондоди ҳамсоя, мақомот дар ҷустуҷӯи Раҳматулло мешаванд ва ӯро аз манзили волидони ҳамсараш дар вилояти Суғд, пайдо мекунанд.
Сипас, ҷасади Руфейда, ки пора-пора карда шуда буд аз мабрази ҳамсоя ёфт мешавад.
Тибқи фарзияи хонаводаи ҷабрдида, ҳамон шабу рӯз ҳамсари Раҳматулло Гадоев бо фарзандонаш ба хонаи волидонаш рафта буданд. Вақте Руфейда аз ҳоҷатхона бармегашт, Раҳматулло аз фурсат истифода карда, дар хона ӯро ба қатл мерасонад ва шабона ба назди ҳамсараш мегурезад.
Ба гуфтаи онҳо, модари Раҳматулло Оимгул аз ҳодиса хабардор мешаванд, аммо ба ҷои хабар додан ба мақомот аз пайи тоза кардани из ва далелҳо мегардад.
© Фотки предоставлены Гулсун ИноятовойСестры двойняшки Руфейда и Румайсо
Сестры двойняшки Руфейда и Румайсо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Сестры двойняшки Руфейда и Румайсо
Гулсун Иноятова аз қавли наздиконаш мегӯяд, Раҳматулло худи ҳамон рӯз ки боздошт шуд, дар куштори Руфейда иқрор мешавад.

Бибии Руфейда изҳори нигаронӣ мекунад, ки "чаро модари Раҳматулло то ҳол дар озодист".

Хонаводаи Гулсун Иноятова мехоҳанд нафаре ки дар куштори ваҳшиёнаи ҷигарбандашон даст дорад, дар нади қонун посух гӯяд.
"Барояш ҳукми қатл ҳам кам аст", - мегӯяд бо алам зан.
Ҳамчунин онҳо мехоҳанд ҳамон манзилиро, ки солҳо новобаста аз бешароитӣ зиндагӣ мекарданд, фурӯхта, дар ҷое хона гиранд. Ӯ меафзояд, ҳамрчанд алами Руфейда ҳеҷ гоҳ аз дилашон берун намешавад, мехоҳанд ҳамон муҳитеро, дар он Руфейда даҳшатбор кушта шуд, фаромӯш созанд.
© Акс аз бойгонии Гулсун ИноятоваРуфейда ва Румейса бо додараш Ҳакимҷон
Руфейда ва Румейса бо додараш Ҳакимҷон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Руфейда ва Румейса бо додараш Ҳакимҷон
Руфейдаро то ҳол аз ҳама бештар додари дусолааш Ҳакимҷон интизор аст. Ӯ дарк карда ҳам наметавонад, ки Руфейдаро куштаанд. Ӯ қудрати фаҳмишеро надорад, ки фарзанди инсон то ин дараҷа бераҳму қотил шуда метавонад ва апаи меҳрубони ӯро, ки бештар аз ҳам ғамхорияш мекард, бо як бераҳмии махсусе, ки тасаввурнокарданист, куштаанд...
Лентаи хабарҳо
0