https://sputnik.tj/20210714/gadoev-lahza-qatl-tajovuz-rufeyda-guft-jafidam-video-1040878162.html
Нишондоди Гадоев дар бораи қатлу таҷовузи Руфейда – видео
Нишондоди Гадоев дар бораи қатлу таҷовузи Руфейда – видео
Sputnik Тоҷикистон
Раҳматулло Гадоев, муттаҳами 30-сола дар қатлу таҷовузи духтарчаи ҳамсояаш Руфейда Иноятоваи 8-сола нақл кард, лаҳзаҳои ҷинояти мудҳишро нақл кард
2021-07-14T13:07+0500
2021-07-14T13:07+0500
2021-08-10T15:39+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
гузориш
вкд
қатл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040866454_0:0:710:400_1920x0_80_0_0_eb6be79004adbbdce13f13e6eb998a30.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Раҳматулло Гадоев дар гузориши ВУД нақл мекунад, ки баъди дастдарозӣ ба номусу куштор ҷасадро ба ҳоҷатхона партофтааст. Назари бевоситаи муттаҳам дар бораи қазия феълан дастрас нест. Бар асоси навори шоҳидии Гадоев, ки пораи он дастраси Sputnik Тоҷикистон шуд, ӯ нақл мекунад, ки духтарча баъди буғию дастдарозӣ боз аз ҷой хестааст, аммо муттаҳам бо истифодаи корд корашро ба охир расондасту ҷасадро дар ҳоҷатхона партофтааст. ВУД дар гузориши пурра, иттилоъ дод, ки Гадоев дар ҳолати мастӣ қарор доштаасту Руфейда ба хонаи ӯ пеши духтараш, барои бозӣ омадааст. Таъкид шудааст, ки он рӯз низ Руфейда чун пештара пеши дугонааш рафт, аммо дар хона Гадоев танҳо дар ҳолати мастӣ будаст. Мақомот мегӯянд, муттаҳам бо истифода аз он, ки дар хона касе набудааст, бо номуси духтарчаи ноболиғ дастдарозӣ карда, ӯро ба қатл расондасту ҷасадро дар ҳоҷатхона пинҳон намудаст. Масъулини ВУД мегӯянд, бо вуҷуди мастӣ ӯ аъмолашро дарк мекардааст, чун талоши пинҳон намудани иззи ҷиноят кардааст. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран гуфт, парванда аз рӯи қатлу таҷовузи Руфейдаи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакиро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.Ба иттилои додситонӣ, аз рӯи ин ҳолат нисбати Гадоев бар асоси моддаҳои 138 - таҷовуз ба номус ва 104 - куштор, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то ҳабси якумраро пешбинӣ мекунанд."Кушту ба хонаи занаш гурехт": бибии Руфейда фарзияҳои ифшоношудаи қатли набераашро гуфтҲодисаи куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола, ки 4 июли соли равон рух додааст, аз масоили пурбаҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.Наздикони Руфейда ва мақомот ҳамсояи хонаводаи ҷабрдида дар ноҳияи Рӯдакӣ, Раҳматулло Гадоевро муттаҳам медонанд. Назари бевоситаи Гадоев ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия ва иттиҳоми эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040866454_0:0:710:532_1920x0_80_0_0_9d080b912a9a5c7b19198b2b946e15b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гадоев, раҳматулло, вкд, қатл, таҷовуз
гадоев, раҳматулло, вкд, қатл, таҷовуз
Нишондоди Гадоев дар бораи қатлу таҷовузи Руфейда – видео
13:07 14.07.2021 (Навсозишуда: 15:39 10.08.2021) Раҳматулло Гадоев, муттаҳами 30-сола дар қатлу таҷовузи духтарчаи ҳамсояаш Руфейда Иноятоваи 8-сола, лаҳзаҳои ҷинояти мудҳишро нақл кард
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Раҳматулло Гадоев дар гузориши ВУД нақл мекунад, ки баъди дастдарозӣ ба номусу куштор ҷасадро ба ҳоҷатхона партофтааст. Назари бевоситаи муттаҳам дар бораи қазия феълан дастрас нест.
Бар асоси навори шоҳидии Гадоев, ки пораи он дастраси Sputnik Тоҷикистон шуд, ӯ нақл мекунад, ки духтарча баъди буғию дастдарозӣ боз аз ҷой хестааст, аммо муттаҳам бо истифодаи корд корашро ба охир расондасту ҷасадро дар ҳоҷатхона партофтааст.
ВУД дар гузориши пурра, иттилоъ дод, ки Гадоев дар ҳолати мастӣ қарор доштаасту Руфейда ба хонаи ӯ пеши духтараш, барои бозӣ омадааст. Таъкид шудааст, ки он рӯз низ Руфейда чун пештара пеши дугонааш рафт, аммо дар хона Гадоев танҳо дар ҳолати мастӣ будаст. Мақомот мегӯянд, муттаҳам бо истифода аз он, ки дар хона касе набудааст, бо номуси духтарчаи ноболиғ дастдарозӣ карда, ӯро ба қатл расондасту ҷасадро дар ҳоҷатхона пинҳон намудаст. Масъулини ВУД мегӯянд, бо вуҷуди мастӣ ӯ аъмолашро дарк мекардааст, чун талоши пинҳон намудани иззи ҷиноят кардааст.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран гуфт, парванда аз рӯи қатлу таҷовузи Руфейдаи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакиро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.
Ба иттилои додситонӣ, аз рӯи ин ҳолат нисбати Гадоев бар асоси моддаҳои 138 - таҷовуз ба номус ва 104 - куштор, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то ҳабси якумраро пешбинӣ мекунанд.
Ҳодисаи куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола, ки 4 июли соли равон рух додааст, аз масоили пурбаҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Наздикони Руфейда ва мақомот ҳамсояи хонаводаи ҷабрдида дар ноҳияи Рӯдакӣ, Раҳматулло Гадоевро муттаҳам медонанд. Назари бевоситаи Гадоев ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия ва иттиҳоми эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.