https://sputnik.tj/20210721/daromadi-sofi-amonatbonk-1041061683.html
Эълони даромади софи Амонатбонк давоми ним сол
Эълони даромади софи Амонатбонк давоми ним сол
Sputnik Тоҷикистон
Бонки давлатӣ “Амонатбонк” эълон намудааст, ки давоми шаш моҳи соли равон даромади софи бонк зиёда аз 33 миллион сомониро ташкил намуд
2021-07-21T17:35+0500
2021-07-21T17:35+0500
2021-07-21T18:55+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонк
амонатбонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032786493_0:57:1271:771_1920x0_80_0_0_89a89992aca26d1f6ee83b5ddb693798.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси БДА “Амонатбонк” имрӯз зимни нишасти матбуотӣ афзуд, ки дар ин давра сармояи бонк ба андозаи 10,5 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 491 миллион сомонӣ баробар шуд, даромади софи бонк зиёда аз 33 миллион сомониро ташкил намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 39 фоиз зиёд мебошад.Ҳамзамон раиси “Амонатбонк” таъкид дошт, ки бонки давлатӣаз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 62,4 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 18 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Инчунин Икромӣ дар бораи дороиҳои бонк ёдрас шуд ва гуфт, ки ба санаи 30 июни соли равон дороиҳо беш аз 4,6 миллион сомонӣ ва уҳдадориҳои бонк зиёда аз 4,2 миллион сомониро ташкил додаанд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 10,5 фоиз зиёд мебошанд.Амонатбонк яке аз бонкҳои муқтадиртарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, дар пешбурди сиёсати иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоии кишвар саҳми калон дорад.
https://sputnik.tj/20210721/sirojiddin-ikromi-amonatbonk-beshtar-qarz-giriftaast-1041056977.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032786493_83:0:1186:827_1920x0_80_0_0_a357008e1c1bf74c5ecc7439dd14a589.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, амонатбон, даромад, зиёд сироҷиддин икромӣ
тоҷикистон, амонатбон, даромад, зиёд сироҷиддин икромӣ
Эълони даромади софи Амонатбонк давоми ним сол
17:35 21.07.2021 (Навсозишуда: 18:55 21.07.2021) Бонки давлатӣ “Амонатбонк” эълон намудааст, ки давоми шаш моҳи соли равон даромади софи бонк зиёда аз 33 миллион сомониро ташкил намуд
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси БДА “Амонатбонк” имрӯз зимни нишасти матбуотӣ афзуд, ки дар ин давра сармояи бонк ба андозаи 10,5 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 491 миллион сомонӣ баробар шуд, даромади софи бонк зиёда аз 33 миллион сомониро ташкил намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 39 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон раиси “Амонатбонк” таъкид дошт, ки бонки давлатӣаз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 62,4 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 18 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин Икромӣ дар бораи дороиҳои бонк ёдрас шуд ва гуфт, ки ба санаи 30 июни соли равон дороиҳо беш аз 4,6 миллион сомонӣ ва уҳдадориҳои бонк зиёда аз 4,2 миллион сомониро ташкил додаанд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 10,5 фоиз зиёд мебошанд.
Амонатбонк яке аз бонкҳои муқтадиртарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, дар пешбурди сиёсати иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоии кишвар саҳми калон дорад.