Сироҷиддин Икромӣ гуфт, аз Амонатбонк бештар кӣ қарз гирифтааст

© Sputnik / Амир ИсаевГлава Амонатбанка Сироджиддин Икроми
Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
Раиси “Амонатбонк” аз афзоиш ёфтани маблағҳои қарзие, ки ба муштариён пешниҳод гардиданд, хабар дод
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси БДА “Амонатбонк” имрӯз зимни нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки дар соли равон аз ин бонки давлатӣ бештар тоҷирону кишоварзон ва саноатчиён кишвар қарз гирифтаанд.
Вай афзуд, ки дар натиҷаи амалӣ намудани якчанд иқдомҳо имсол “Амонатбонк” аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 36 ҳазор муштарӣ беш аз 661,9 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд.
Икромӣ зикр кард, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли соли гузашта ба андозаи 36,7 ва 23 фоиз афзоиш ёфтааст.
Сироджиддин Икроми, глава ГСБ Амонатбанк  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Раиси Амонатбонк гуфт, барои чӣ банкоматҳояш пул надоранд
Вай гуфт, ки аз қарзҳои додашудаи “Амонатбонк” 22,4 фоиз ба соҳаи саноат, 19,9 фоиз ба бахши кишоварзӣ, 18,2 фоиз ба бахши истеъмолӣ, 7,2 фоиз ба сохтмон, 22,7 фоиз ба тиҷорат, 7,3 фоиз ба нақлиёт ва ба дигар хизматрасониҳо, аз қабили сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ 2,3 фоиз рост меояд.
“Дар марҳилаи кунунӣ пешниҳоди қарзҳои “Амонатбонк” ба муштариён дар доираи аз 18 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 10 то 12 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян карда шудааст”, - зикр кард Сироҷиддин Икромӣ.
Лентаи хабарҳо
0