https://sputnik.tj/20210721/amonatbonk-bankomat-pul-1041042111.html
Раиси Амонатбонк гуфт, барои чӣ банкоматҳояш пул надоранд
Раиси Амонатбонк гуфт, барои чӣ банкоматҳояш пул надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Амонатбонк гуфт, ки то маърифати молиявии мардуми Тоҷикистон боло наравад ва пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар зиёд нашавад, камбуди пули нақд дар ҷумҳурӣ боқӣ мемонад
2021-07-21T12:44+0500
2021-07-21T12:44+0500
2021-07-21T18:55+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сироҷиддин икромӣ
пул
амонатбонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039046383_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_3f513bbc51e26ed994e1e029870c9a03.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси БДА “Амонатбонк” имрӯз зимнишасти матбуотӣ, камбуди пули нақд дар банкоматҳои ин бонкро дар саросари кишвар шарҳ дод.Раиси Амонатбонк тайид кард, ки вақтҳои ахир дар бакоматҳои бонки мазкур камбуди пули нақд эҳсос мешавад ва дар кишвар ниёз ба пулӣ нақд зиёд шудааст. Ӯ ин масъаларо ба пардохти пули нақди зиёд аз банкоматҳо рабт дод.Ҳамчунин раиси “Амонатбонк” қайд кард, ки аз банкоматҳои бонки давлатӣ дорандагони кортҳои бонкии дигар бонкҳо пул мегиранд.Вай гуфт, аз банкоматҳои бонки давлатӣ дорандагони картҳои дигар бонкҳо солона то 400 миллион сомонӣ пули нақд пул мегиранд.Вай афзуд, ки “Амонатбонк” ҳамагӣ дорои 284 банкомат аст. “Амонатбонк” барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ боз 100 банкомати дигар аз хориҷ харидорӣ кардааст, ки дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон ворид мегарданд.Сироҷиддин Икромӣ умедвор аст, ки бо вуриди ин миқдор банкоматҳо камбуди пули нақд дар кишвар бартараф мешавад.Дар ҳамин ҳол, раиси бонки давлатӣ қайд кард, ки мардуми Тоҷикистонро бояд ташвиқ кард то аз гирифтану пардохти пули нақд даст кашанд ва ҳарчи бештар бапардохтҳои ғайринақдӣ гузаранд.Вай афзуд, дар Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон бонкҳо банкоматҳояшонро ба фуруш гузоштанд. Ин нишонаи онро дорад, ки банкомат алакай лозим нест.“Истифодаи он аз байн меравад. Мардум ба пардохти ғайри нақди гузаштан ба ҳамин хотир банкомат дигар лозим нест. Мо ҳам умед дорем, ки маърифати молиявии мардум боло мераваду онҳо бештар аз пардохтҳои ғайринақди истифода менамоянд ва истифодаи банкомат дар кишвар қатъ шавад”, - таъкид дошт Сироҷиддин Икромӣ.
https://sputnik.tj/20210513/surathisob-makhsusi-amonatbonk-zarardidagon-kulob-1039417289.html
https://sputnik.tj/20210412/amonatbonk-faoliyatash-daromadi-sof-1035399399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039046383_0:0:800:600_1920x0_80_0_0_eee033a5fb761bf409db59318913e738.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, амонатбонк, пули нақд, банкомат, мардум, камбуди пул
тоҷикистон, амонатбонк, пули нақд, банкомат, мардум, камбуди пул
Раиси Амонатбонк гуфт, барои чӣ банкоматҳояш пул надоранд
12:44 21.07.2021 (Навсозишуда: 18:55 21.07.2021) Раиси Амонатбонк гуфт, ки то маърифати молиявии мардуми Тоҷикистон боло наравад ва пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар зиёд нашавад, камбуди пули нақд дар ҷумҳурӣ боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси БДА “Амонатбонк” имрӯз зимнишасти матбуотӣ, камбуди пули нақд дар банкоматҳои ин бонкро дар саросари кишвар шарҳ дод.
Раиси Амонатбонк тайид кард, ки вақтҳои ахир дар бакоматҳои бонки мазкур камбуди пули нақд эҳсос мешавад ва дар кишвар ниёз ба пулӣ нақд зиёд шудааст. Ӯ ин масъаларо ба пардохти пули нақди зиёд аз банкоматҳо рабт дод.
“Ахиран тавасути бонки Амонатбонк ба пасандозгузорони Агроинвестбонк 146 миллион сомонӣ пардохт карда шуд. Инчунин ҳукумати кишвар ба оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд тавасути банкоматҳои мо 192 миллион доллар пардохт карданд. Ин ҳамаш пули нақд аст, ки мо бояд мардумро таъмин намоем”, - гуфт Сироҷиддин Икромӣ.
Ҳамчунин раиси “Амонатбонк” қайд кард, ки аз банкоматҳои бонки давлатӣ дорандагони кортҳои бонкии дигар бонкҳо пул мегиранд.
Вай гуфт, аз банкоматҳои бонки давлатӣ дорандагони картҳои дигар бонкҳо солона то 400 миллион сомонӣ пули нақд пул мегиранд.
Вай афзуд, ки “Амонатбонк” ҳамагӣ дорои 284 банкомат аст. “Амонатбонк” барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ боз 100 банкомати дигар аз хориҷ харидорӣ кардааст, ки дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон ворид мегарданд.
Сироҷиддин Икромӣ умедвор аст, ки бо вуриди ин миқдор банкоматҳо камбуди пули нақд дар кишвар бартараф мешавад.
Дар ҳамин ҳол, раиси бонки давлатӣ қайд кард, ки мардуми Тоҷикистонро бояд ташвиқ кард то аз гирифтану пардохти пули нақд даст кашанд ва ҳарчи бештар бапардохтҳои ғайринақдӣ гузаранд.
“То он лаҳзае, ки маърифати молиявии мардуми мо боло наравад, ин банкоматҳоро нест карда ғайриимкон аст. Мо бояд ба мағозаҳо таблиғ кунем, ки мағозаҳо тариқи пост терминалҳо кор кунанд. Шароити технологӣ дар ҷаҳон хеле пеш рафтааст. Аммо мо бояд мардумро ташвиқ кунем ки аз технологияҳои муосир истифода намоянд”, - зикр кард Икромӣ.
Вай афзуд, дар Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон бонкҳо банкоматҳояшонро ба фуруш гузоштанд. Ин нишонаи онро дорад, ки банкомат алакай лозим нест.
“Истифодаи он аз байн меравад. Мардум ба пардохти ғайри нақди гузаштан ба ҳамин хотир банкомат дигар лозим нест. Мо ҳам умед дорем, ки маърифати молиявии мардум боло мераваду онҳо бештар аз пардохтҳои ғайринақди истифода менамоянд ва истифодаи банкомат дар кишвар қатъ шавад”, - таъкид дошт Сироҷиддин Икромӣ.