Суратҳисоби махсуси Амонатбонк барои зарардидагони шаҳри Кӯлоб

© Sputnik Отделение банка "Амонатбонк"
Отделение банка Амонатбонк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Обуна шудан
Масъулини Амонатбонк эълон намуданд, ки барои расонидани кӯмак ба оилаҳои зарардида дар шаҳри Кӯлоб суратҳисоби махсус кушода шудааст
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Амонатбонк суратҳисби мазкур дар бонк бо мақсади анҷом додани амали хайрия ва расонидани кӯмак ба оилаҳои зарардидагони ин офати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб, кушода шудааст.
Манбаъ таъкид доштааст хоҳишмандон метавонанд кӯмакпулии худро танҳо ба суратҳисобҳои мазкур ирсол намоянд:
бо пули миллӣ-сомонӣ: 26202972700515457000
бо рубли русӣ: 26204810800517457000
бо доллари ИМА: 26204840800516457000
Ёдрас мешавем, ки санаи 11-уми май бар асари сел ва обхезӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб хисороти зиёди молӣ ва ҷонӣ ба амал омад.
Бояд гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон ахиран аз кушодани як суратҳисоби махсус дар вазорати молия барои зарардидагони муноқишам марзӣ бо Қирғизистон эълон карда буд.
Деньги в кошельке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳушдори Бонки миллӣ дар бораи кумак ба Ворух: ба гурӯҳ ва шахсони алоҳида пул надиҳед
Бояд қайд кард, ки санаи 11 май бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар Тоҷикистон низ боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, шумораи қурбониёни офати табиӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ 9 нафар расид.
Лентаи хабарҳо
0