“Амонатбонк” дар се моҳи фаъолияташ наздик ба 14 миллион сомонӣ даромади соф гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Амонатбанка в Душанбе
Здание Амонатбанка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Обуна шудан
Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” натиҷаи фаъолияташро дар семоҳаи якуми соли 2021 натиҷагирӣ кард
ДУШАНБЕ, 12 апрел - Sputnik. Дар семоҳаи якуми соли равон “Амонатбонк”, нақшаи пешбинишударо бо пуррагӣ таъмин намуда, дар ҳаҷми 13,9 миллион сомонӣ даромади соф ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 дарсад зиёд будааст.
Ҳаҷми сармояи Бонк бошад дар семоҳаи якуми соли 2021 ба 471,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 дарсад зиёд мебошад.
Отделение банка Амонатбонк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Ҳабси 4 корманди собиқи “Амонатбонк” барои тасарруфи пули шиносномаҳои хориҷӣ
Дороиҳои Бонк маблағи 4,6 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 4,1 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 5,2 фоиз ва 4,9 фоиз зиёд мебошад.
Бонк дар семоҳаи якуми соли 2021 дар маҷмуъ 24,8 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолияти худ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 дарсад зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0