Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар арафаи Иди Қурбон нархҳоро ба танзим медарорад

© Sputnik / Амир ИсаевБазар в Кулябе
Базар в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба хотири ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷа, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дорад, санҷиши гузаронд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дафтари матбуоти адамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки санаи 15-16 июл кормандони Хадамот дар робита ба Иди саиди Қурбон дар бозорҳои шаҳри Душанбе бо мақсади ба танзим даровардани нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ аввалиндараҷа, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, санҷиши муштарак гузаронид.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни санҷишҳо дар бозорҳо миёни роҳбарият ва соҳибкорон корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.
“Нархномаи маҳсулот дар паҳлӯи ҳар намуди маҳсулот овезон карда шуд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки узаронидани чунин санҷишҳо аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои маҳаллӣ ва дигар мақомот идома хоҳад ёфт.
Верующие  во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд
Гуфта шудааст, ки назорати беасос боло бурдани нархҳои маҳсулот мунтазам амалӣ карда шуда, вобаста ба комбудиҳои ошкоргардида тибқи қонунгузорӣ чораҷӯӣ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки чанде пеш Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми директори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид карда буд, ки дар арафаи Иди Қурбон нархҳо дар нуқтаҳои савдо бодиққат назорат хоҳад кард.
Ба гуфтаи вай, хадамот бо дигар сохторҳои марбута ба хотири пешгирӣ аз болоравии шадиди нархҳо дар остонаи ҷашни наздик нархи маводҳои хӯроквориро назорат хоҳад кард.
Жители Душанбе покупают продукты на рынке Мехргон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, нархҳоро дар Иди Қурбон таҳти назорат мегиранд
"Пеш аз Ид, мо як ситод таъсис медиҳем, ки дар давраи Ид нархгузорӣ ва мавҷудияти нархномаҳо дар молҳоро ба танзим медарорад. Дар ҳақиқат дар кишвар дар арафаи Идҳо болоравии нархи маҳсулот, аз ҷумла меваҳо мушоҳида мешавад", - шарҳ дод ӯ.
Қурбонзода таъкид кард, ки нафароне, ки қонунро нақз мекунанд ҷарима мешаванд ё ин ки нисбати онҳо дигар чораҳои маъмурӣ гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи таҷлили Иди Қурбонро эълон кард. Имсол он рӯзи сешанбеи 20 июл таҷлил хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0