Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд

© Sputnik / Игорь Лекаркин / Гузариш ба медиабонкВерующие во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане
Верующие  во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Имсол дар Тоҷикистон Иди Қурбон, яке аз ҷашнҳои мусалмонони дунё санаи 20 июл ҳафтаи оянда таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар ин бора як манбаъ аз Шӯрои уламои маркази исломии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, Иди Қурбон дар назар аст, имсол 20 июл, рӯзи сешанбе таҷлил шавад.
Манбаъ гуфт, дар бораи таҷлили рӯзи ид давоми ҳафта ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон доир мешавад ва расман санаи баргузории он эълон мешавад.
Ба иттилои манбаъ дар масоҷиди кишвар то кунун намози дастаҷамъона бо риоя қоидаҳои бехатарӣ доир мешавад, аммо дар мавриди намози Иди Қурбон то ҳол аз сӯи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус тавсияҳое ворид нагаштааст.
Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2021 
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2020
Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2021
Ёдовар мешавем, соли гузашта бинобар вазъи ногувори пандемия дар кишвар намози дастаҷамъонаи Иди Қурбон доир нагашт.
Моҳи майи соли ҷорӣ бошад намози Иди Рамазон бинобар беҳ шудани вазъ доир гашт, аммо мақомоти тоҷик баъди беш аз панҷ моҳ санаи 21 июн дигарбора аз хуруҷи коронавирус дар кишвар хабар доданд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0