https://sputnik.tj/20210717/putinu-bayden-poygoh-nizomi-tojikiston-qirghiziston-barrasi-1040960741.html
ВАО: Путину Байден пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд
ВАО: Путину Байден пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ метавонистанд ба кишварҳо дар назорати вазъи Афғонистон кумак кунанд
2021-07-17T15:52+0500
2021-07-17T15:52+0500
2021-07-24T14:51+0500
има
афғонистон
осиёи марказӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/10/1040246649_0:173:2764:1728_1920x0_80_0_0_b91f635444c69cd061350303a5b9bb1b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва роҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден зимни музокирот дар Женева пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" бо такя ба манбаъҳояш хабар додааст. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон ва пойгоҳи қирғизии "Кант" аз ҷониби роҳбарони давлатҳо дар заминаи ҳамоҳангсозии якҷояи вазъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд. Ҳамкории Русия ва Амрико дар ин соҳа ба кишварҳо кӯмак мекунад, ки дар бораи вазъи ҷумҳурӣ маълумоти мубодила кунанд. Манбаъҳо қайд мекунанд, ки бо ин роҳ Маскав кӯшиш мекунад, ки аз бунёди пойгоҳҳои ИМА дар минтақа ҷилавгирӣ кунад.Аммо, намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод аз шарҳи ин маълумот худдорӣ кард. Котиби матбуоти Путин Дмитрий Песков ба РБК тасдиқ кард, ки вазъи ноустувори ҷумҳурӣ воқеан аз ҷониби сарони давлатҳо дар нишасти Женева баррасӣ шудааст. Аммо сухангӯи Кремл дақиқ нагуфт, ки оё президентҳо дар бораи пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ ҳарф заданд ё не. Ёдовар мешавем, ки бо оғози хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон аъзои ҳаракати террористии Толибон, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст, фаъолтар шуд. Ҷангҷӯён забт кардани музофотҳо ва шаҳрҳои кишварро идома медиҳанд, Ҳамзамон нерӯҳои амниятӣ барои бозпас гирифтни он вориди ҷангҳои шадид шудаанд.
https://sputnik.tj/20210713/bayden-siloh-tolibon-afghoniston-dastgiri-1040863102.html
https://sputnik.tj/20210712/sharh-lavrov-poygohi-nizomi-ima-tojikiston-1040832223.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/10/1040246649_33:0:2764:2048_1920x0_80_0_0_c3304be57f82c7f70ef8de422d7153fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, байден, пойгоҳ, русия, ом
путин, байден, пойгоҳ, русия, ом
ВАО: Путину Байден пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд
15:52 17.07.2021 (Навсозишуда: 14:51 24.07.2021) Пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ метавонанд ба кишварҳо дар назорати вазъи Афғонистон кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва роҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден зимни музокирот дар Женева пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" бо такя ба манбаъҳояш хабар додааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон ва пойгоҳи қирғизии "Кант" аз ҷониби роҳбарони давлатҳо дар заминаи ҳамоҳангсозии якҷояи вазъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд.
Ҳамкории Русия ва Амрико дар ин соҳа ба кишварҳо кӯмак мекунад, ки дар бораи вазъи ҷумҳурӣ маълумоти мубодила кунанд.
Манбаъҳо қайд мекунанд, ки бо ин роҳ Маскав кӯшиш мекунад, ки аз бунёди пойгоҳҳои ИМА дар минтақа ҷилавгирӣ кунад.
Аммо, намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод аз шарҳи ин маълумот худдорӣ кард.
Котиби матбуоти Путин Дмитрий Песков ба РБК тасдиқ кард, ки вазъи ноустувори ҷумҳурӣ воқеан аз ҷониби сарони давлатҳо дар нишасти Женева баррасӣ шудааст.
Аммо сухангӯи Кремл дақиқ нагуфт, ки оё президентҳо дар бораи пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ ҳарф заданд ё не.
Ёдовар мешавем, ки бо оғози хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон аъзои ҳаракати террористии Толибон, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст, фаъолтар шуд.
Ҷангҷӯён забт кардани музофотҳо ва шаҳрҳои кишварро идома медиҳанд, Ҳамзамон нерӯҳои амниятӣ барои бозпас гирифтни он вориди ҷангҳои шадид шудаанд.