Шарҳи Лавров дар бораи пойгоҳи низомии ИМА дар Тоҷикистон

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Обуна шудан
Сергей Лавров гуфт, ки оё ИМА пойгоҳҳои низомии худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон месозад ё не
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ҳузури низомиёни хориҷӣ дар кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) бояд дар доираи созмон мувофиқа шаванд.
"Ман фикр намекунам, ки пайдоиши иншооти нави низомии ИМА дар Осиёи Марказӣ ба манфиати амнияти ин минтақа бошад", - гуфт Сергей Лавров.
Вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки Вашингтон саъй дорад ҳузури низомӣ дар Осиёи Марказиро пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон таъмин кунад ва инчунин ба вазъ дар минтақа таъсир расонад.
Овозаҳо дар бораи он, ки Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои низомӣ бунёд карданист, кайҳо боз буд.
Вооруженные люди, выступающие против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Гуруҳ ё давлат: Толибон* дар Афғонистон чист?
Амрико ҳар сари чанд вақт нақшаҳои азимеро эълон мекунад, ки иҷронашуда боқӣ мемонанд. Ҳамзамон, ин кишвар намехоҳад назорати вазъро дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳо аз даст диҳад.
Ёдовар мешавем, ки СААД Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Арманистонро дар бар мегирад.
Иёлоти Муттаҳида соли 2001 ба Афғонистон нерӯҳои худро ҳангоми муноқишаи низомӣ байни сарбозони ҳукуматӣ ва аъзои ҷунбиши радикалии Толибон*, ки дар Русия мамнӯъ аст, фиристод.
Сарбозони амрикоӣ ба сарнагун кардани Толибон* кумак карданд ва нерӯҳои маҳаллиро омӯзиш доданд. Вашингтон хуруҷи нерӯҳояшро аз ҷумҳурӣ дар охири моҳи апрели соли 2021 оғоз кард. Ба гуфтаи президенти ИМА Ҷо Байден, сарбозони амрикоӣ то моҳи август Афғонистонро тарк мекунанд. Аммо моҳҳои охир Толибон* дигарбора бисёре аз ноҳияҳои Афғонистонро зери назорати худ дароварданд.
Лентаи хабарҳо
0