https://sputnik.tj/20210716/siposi-afghoniston-davlati-tojikiston-qabuli-sarbozon-ghayrinizomiyon-1040946996.html
Сипоси Афғонистон аз давлати Тоҷикистон барои қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон
Сипоси Афғонистон аз давлати Тоҷикистон барои қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Афғонистон аз давлати Тоҷикистон барои қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон, ки баъд аз ҳамлаҳои пайи ҳами Толибон ба қаламрави Тоҷикистон гузашта буданд, аз изҳори сипос намуданд
2021-07-16T19:35+0500
2021-07-16T19:35+0500
2021-07-16T20:43+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
сафир
кобул
мулоқот
гурезагон
изҳори сипос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040946635_0:2:1080:610_1920x0_80_0_0_2816f67a7e1394ebc5f4672bd48dfa96.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар шаҳри Кобул мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Вазири давлатӣ дар умури сулҳи Афғонистон Саидсаодат Мансур Нодирӣ бо дархости ҷониби афғонӣ баргузор гардид.Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар рафти мулоқот мавзӯи раванди сулҳи Афғонистон ва вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд.Қайд шудааст, ки оқои Нодирӣ аз мақомоти Тоҷикистон барои қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон, ки ба Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд, аз изҳори сипос намуда аст.“Вай дар идома таҷрибаи тоҷиконро дар барқарории сулҳ дар соли 1997 арзишманд хонд ва хоҳони истифода аз ин таҷриба шуд”, - таъкид доштааст ВУХ.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар идомаи мулоқот Сафири Тоҷикистон вазъияти кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистонро нигаронкунанда хонд ва илова кард, ки Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг, пешбурди музокира байни тарафҳои даргир ва ёфтани роҳи ҳаллест, ки мавриди қабули ҳамаи сокинони Афғонистон бошад.Ёдрас мешавем, ки қаблан дар пайи вазъи ноороми Афғонистон ҳазорҳо шаҳрвандони ин ин кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуреза шуда буданд. Ахиран мақомоти Тоҷикистн хабар дод, ки аксари гурезагон тавасути чархболҳои Тоҷикистону Афғонистон ба ватанашон баргардонида шуданд.
https://sputnik.tj/20210716/tolibon-turkiya-go-home-taslimshudahoro-meparonand-1040935323.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040946635_76:0:1036:720_1920x0_80_0_0_fb228246d78f9494bda6eb73760d8996.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, сипос, қабули сарбозон, ғайринизомиён
тоҷикистон, афғонистон, сипос, қабули сарбозон, ғайринизомиён
Сипоси Афғонистон аз давлати Тоҷикистон барои қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон
19:35 16.07.2021 (Навсозишуда: 20:43 16.07.2021) Мақомоти Афғонистон аз давлати Тоҷикистон барои қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон, ки баъд аз ҳамлаҳои пайи ҳами Толибон ба қаламрави Тоҷикистон гузашта буданд, аз изҳори сипос намуданд
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар шаҳри Кобул мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Вазири давлатӣ дар умури сулҳи Афғонистон Саидсаодат Мансур Нодирӣ бо дархости ҷониби афғонӣ баргузор гардид.
Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар рафти мулоқот мавзӯи раванди сулҳи Афғонистон ва вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Қайд шудааст, ки оқои Нодирӣ аз мақомоти Тоҷикистон барои қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон, ки ба Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд, аз изҳори сипос намуда аст.
“Вай дар идома таҷрибаи тоҷиконро дар барқарории сулҳ дар соли 1997 арзишманд хонд ва хоҳони истифода аз ин таҷриба шуд”, - таъкид доштааст ВУХ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар идомаи мулоқот Сафири Тоҷикистон вазъияти кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистонро нигаронкунанда хонд ва илова кард, ки Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг, пешбурди музокира байни тарафҳои даргир ва ёфтани роҳи ҳаллест, ки мавриди қабули ҳамаи сокинони Афғонистон бошад.
Ёдрас мешавем, ки қаблан дар пайи вазъи ноороми Афғонистон ҳазорҳо шаҳрвандони ин ин кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуреза шуда буданд. Ахиран мақомоти Тоҷикистн хабар дод, ки аксари гурезагон тавасути чархболҳои Тоҷикистону Афғонистон ба ватанашон баргардонида шуданд.