https://sputnik.tj/20210716/parvanda-zaminfurushon-khujand-prokuror-1040927714.html
Парвандаи “заминфурӯшон”-и Хуҷанд: прокурор гуфт, барои замин 56 ҳазор доллар гирифтаанд
Парвандаи “заминфурӯшон”-и Хуҷанд: прокурор гуфт, барои замин 56 ҳазор доллар гирифтаанд
Sputnik Тоҷикистон
Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ назорати иҷрои қонунгузории заминро шарҳ дода гуфт, ки дар ин давра мавридҳои тақсим намудани... 16.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-16T12:32+0500
2021-07-16T12:32+0500
2021-07-16T12:32+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
иҷтимоъ
замин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040927585_0:0:1517:853_1920x0_80_0_0_d5db27add87ea7cfb589ce08ab8dacf4.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Прокурори Суғд гуфт, дар раванди баргузории санҷишҳои прокурорӣ маълум гардид, ки кормандони кумитаи идораи замин дар шаҳри Хуҷанд дар солҳои қаблӣ барои вобаста намудани қитъаи замин аз шаҳрвандон пора гирифтаанд. “Дар давоми солҳои 2015-2017 кормандони кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд Сангинов А., Ҳасанов Д. бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон Охунов А., Файзиев М. ва Юсуфов М. масоҳати 5, 3 га қитъаи заминро ба номи Охунов А. ва пасон дар якҷоягӣ ба 74 нафар шаҳрвандон ғайриқонунӣ тақсим карданд”, - иброз намуд Хоҷазода.барои ин, аз Ба гуфтаи прокурор, онҳо 56 ҳазор доллари ИМА ва 543 ҳазор сомонӣ гирифтаанд, ки фош карда шудБино ба иттилои прокурори Суғд, ҳоло нисбати ин ашхос тибқи моддаҳои 338 нишонаи 2, (худсарона ишғол намудани қитъаи замин) 323 ва 247 қисми 4 банди “б” (сохтакории хизматӣ ва қаллобӣ) и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, алҳол дар баррасии судӣ қарор дорад. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар пайи чараандешии кормандони мақомоти прокуратура дар Суғд, дар умум 5352, 9 га заминҳои мавриди истифодаи ғайриқонунӣ қарордошта ба ҳолати аввала баргардонида шудааст. Дар ин давра тибқи эътирозҳои прокурорӣ 185 адад қарорҳои раисони шаҳру навоҳии Суғд марбут ба масъалаи ҷудо намудани қитъаҳои замини таъиноти гуногун аз ҷумла барои манзили шахсии истиқоматӣ вобасташуда бекор ва ба қонун мутобиқ гардонида шудааст.
https://sputnik.tj/20210421/rohbar-akbarhuja-bozdosht-furush-zamin-1038872898.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040927585_112:0:1293:886_1920x0_80_0_0_41b616b298e6a2991864723138e3662c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, иҷтимоъ, замин
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, иҷтимоъ, замин
Парвандаи “заминфурӯшон”-и Хуҷанд: прокурор гуфт, барои замин 56 ҳазор доллар гирифтаанд
Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ назорати иҷрои қонунгузории заминро шарҳ дода гуфт, ки дар ин давра мавридҳои тақсим намудани замин бар ивази пора ошкор шудааст
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Прокурори Суғд гуфт, дар раванди баргузории санҷишҳои прокурорӣ маълум гардид, ки кормандони кумитаи идораи замин дар шаҳри Хуҷанд дар солҳои қаблӣ барои вобаста намудани қитъаи замин аз шаҳрвандон пора гирифтаанд.
“Дар давоми солҳои 2015-2017 кормандони кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд Сангинов А., Ҳасанов Д. бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон Охунов А., Файзиев М. ва Юсуфов М. масоҳати 5, 3 га қитъаи заминро ба номи Охунов А. ва пасон дар якҷоягӣ ба 74 нафар шаҳрвандон ғайриқонунӣ тақсим карданд”, - иброз намуд Хоҷазода.барои ин, аз
Ба гуфтаи прокурор, онҳо 56 ҳазор доллари ИМА ва 543 ҳазор сомонӣ гирифтаанд, ки фош карда шуд
Бино ба иттилои прокурори Суғд, ҳоло нисбати ин ашхос тибқи моддаҳои 338 нишонаи 2, (худсарона ишғол намудани қитъаи замин) 323 ва 247 қисми 4 банди “б” (сохтакории хизматӣ ва қаллобӣ) и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, алҳол дар баррасии судӣ қарор дорад.
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар пайи чараандешии кормандони мақомоти прокуратура дар Суғд, дар умум 5352, 9 га заминҳои мавриди истифодаи ғайриқонунӣ қарордошта ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Дар ин давра тибқи эътирозҳои прокурорӣ 185 адад қарорҳои раисони шаҳру навоҳии Суғд марбут ба масъалаи ҷудо намудани қитъаҳои замини таъиноти гуногун аз ҷумла барои манзили шахсии истиқоматӣ вобасташуда бекор ва ба қонун мутобиқ гардонида шудааст.