https://sputnik.tj/20210421/rohbar-akbarhuja-bozdosht-furush-zamin-1038872898.html
Роҳбари "Акбархӯҷа" боздошт шуд: ӯ дар фурӯши замин муттаҳам мешавад
Роҳбари "Акбархӯҷа" боздошт шуд: ӯ дар фурӯши замин муттаҳам мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Феълан нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои тафтиш ба суд ирсол шудааст
2021-04-21T13:30+0500
2021-04-21T13:30+0500
2021-07-07T18:37+0500
дар тоҷикистон
оҷонсии зидди фасод
боздошт
заминфурӯшӣ
парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як зан хабар медиҳад, ки дар фурӯши қитъаи замин муттаҳам дониста мешавад.Бар хабари котиботи ин ниҳод, боздоштшуда Ҳ.Ф буда, роҳбари Кооперативии тиҷоратии "Акбархӯҷа" дар ноҳияи Абдураҳмон Ҷомии вилояти Хатлон мебошад.Номбурда моҳи июни соли 2020 бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Қарақулов 4 500 сомонӣ гирифта, тасарруф намудааст."Дуздӣ"-и беш аз 2 миллион сомонӣ маоши кормандони неругоҳи Норак: агентӣ гуфт, кӣ гирифтГуфта мешавад, Роҳбари "Акбархӯҷа" ба муроҷиаткунанда бояд бар ивази маблағи гирифта, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии "Акобир" дар ноҳияи мазкур, 0,10 гектар қитъаи замин ҷудо мекард. Аммо ӯ маблағ гирифта, мушкили корафтодаро ҳал накардааст.Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, нисбати Ҳ.Ф. бо моддаҳои 247 қисми 2 банди "в, г" ва 3381 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.Феълан, назари боздоштшуда ва ҷониби ҳимояи ӯ дар робита ба қазияи фурӯши ғайриқонуни замин маълум нест.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, оҷонсии зидди фасод, фурӯш, замин, боздошт
тоҷикистон, оҷонсии зидди фасод, фурӯш, замин, боздошт
Роҳбари "Акбархӯҷа" боздошт шуд: ӯ дар фурӯши замин муттаҳам мешавад
13:30 21.04.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаааст ва ҳоло дар баррасии суд қарор дорад
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як зан хабар медиҳад, ки дар фурӯши қитъаи замин муттаҳам дониста мешавад.
Бар хабари котиботи ин ниҳод, боздоштшуда Ҳ.Ф буда, роҳбари Кооперативии тиҷоратии "Акбархӯҷа" дар ноҳияи Абдураҳмон Ҷомии вилояти Хатлон мебошад.
Номбурда моҳи июни соли 2020 бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Қарақулов 4 500 сомонӣ гирифта, тасарруф намудааст.
Гуфта мешавад, Роҳбари "Акбархӯҷа" ба муроҷиаткунанда бояд бар ивази маблағи гирифта, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии "Акобир" дар ноҳияи мазкур, 0,10 гектар қитъаи замин ҷудо мекард. Аммо ӯ маблағ гирифта, мушкили корафтодаро ҳал накардааст.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, нисбати Ҳ.Ф. бо моддаҳои 247 қисми 2 банди "в, г" ва 3381 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.
Феълан, назари боздоштшуда ва ҷониби ҳимояи ӯ дар робита ба қазияи фурӯши ғайриқонуни замин маълум нест.