https://sputnik.tj/20210716/maqomot-kambudiho-biinoho-shirkat-beg-sabur-bartaraf-1040940380.html
Мақомот: камбудиҳои бииноҳои сохтаи ширкатҳои Бег Сабур то ҳол бартараф нашудаанд
Мақомот: камбудиҳои бииноҳои сохтаи ширкатҳои Бег Сабур то ҳол бартараф нашудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати сохтмонии "Комил-2010", ҳанӯз мушкили биноҳои сохтаашро ҳал накардааст
2021-07-16T17:05+0500
2021-07-16T17:05+0500
2021-07-21T16:20+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷт
бино
бег сабур
бартарафсозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102454/13/1024541384_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_5226f848f4ba005d8763270b731021ad.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ бори дигар таъкид дошт, ки Ширкати сохтмонии "Комил-2010", ки ба Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар биноҳои сохтааш камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф накардааст."Дар иншооти ин ширкат камбудиҳо ошкор шуд. Дар ҳоли ҳозир ширкат ба бартараф кардани ин нуқсон машғул аст ва ҷараёни онро муовини раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода назорат мекунад. Мо умедворем, ки ҳамаи камбудҳо саривақт бартараф мешаванд", қайд кард раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ.Бояд гуфт, ки дар аввали сол ширкати "Комил-2010"-и Бег Сабурро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ вориди "рӯйхати сиёҳ" карда буд.Зувайдзода дар нишасти хабарии моҳи феврал гуфта буд, ки ба ин ширкат ва ширкатҳои дигари Бег Сабур муҳлат додаем то сохтмонҳои нотамомашро анҷом диҳад ва сипас иҷозатномаи сохтмонашро бигирем.Ҳамзамон раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ қаблан гуфта буд, ки шикоятҳо аз камбудҳои биноҳое, ки ширкатҳои Бек Сабур "Комил-2010" ва "Ниагара" сохтаанд, ба мақомот зиёд расидааст.
https://sputnik.tj/20210205/shirkathoi-Beg-Sabur-Dushanbe-ruykhati-siyoh--1032763871.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102454/13/1024541384_43:0:794:563_1920x0_80_0_0_a5e191e0a4ec0894fec7dcb25c446a3a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, меъморӣ, бег сабур, ширкати сохтмонӣ, бино, сохтмон, камбудиҳо, бартараф
тоҷикистон, меъморӣ, бег сабур, ширкати сохтмонӣ, бино, сохтмон, камбудиҳо, бартараф
Мақомот: камбудиҳои бииноҳои сохтаи ширкатҳои Бег Сабур то ҳол бартараф нашудаанд
17:05 16.07.2021 (Навсозишуда: 16:20 21.07.2021) Ширкати сохтмонии "Комил-2010", ҳанӯз мушкили биноҳои сохтаашро ҳал накардааст
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ бори дигар таъкид дошт, ки Ширкати сохтмонии "Комил-2010", ки ба Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар биноҳои сохтааш камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф накардааст.
"Дар иншооти ин ширкат камбудиҳо ошкор шуд. Дар ҳоли ҳозир ширкат ба бартараф кардани ин нуқсон машғул аст ва ҷараёни онро муовини раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода назорат мекунад. Мо умедворем, ки ҳамаи камбудҳо саривақт бартараф мешаванд", қайд кард раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ.
Бояд гуфт, ки дар аввали сол ширкати "Комил-2010"-и Бег Сабурро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ вориди "рӯйхати сиёҳ" карда буд.
Зувайдзода дар нишасти хабарии моҳи феврал гуфта буд, ки ба ин ширкат ва ширкатҳои дигари Бег Сабур муҳлат додаем то сохтмонҳои нотамомашро анҷом диҳад ва сипас иҷозатномаи сохтмонашро бигирем.
Ҳамзамон раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ қаблан гуфта буд, ки шикоятҳо аз камбудҳои биноҳое, ки ширкатҳои Бек Сабур "Комил-2010" ва "Ниагара" сохтаанд, ба мақомот зиёд расидааст.