Ахлоти 300 хукро ба Сирдарё рехтааст: парванда алайҳи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

© SputnikПрокуратураи вилояти Суғд
Прокуратураи вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обуна шудан
Як сокини деҳаи Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди се дафъа ҷаримасупорӣ ислоҳ нашуда, боз ба олуда кардани об аз ҳисоби ахлот ва пешоби хукҳо идома додааст
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Бинобар ошкор шудани ин кирдораш нисбати Дӯстматов Н., сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, Дӯстматов дидаву дониста ахлот ва пешоби 300 сар хукро ба Сирдарё андохта, обро ифлос намудааст, ки боиси гирифтории одамон ба ба бемориҳои сироятӣ ва устухонӣ шуда метавонад.

“Дӯстматов Н, ки баъди 3 маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан, боз такроран ахлот ва пешоби зиёда аз 300 сар хукҳои дар фермаи деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷ. Расулов нигоҳубиншавандаро ба оби дарёи Сир равон кардааст”, - гуфт прокурор.

Нисбати Дӯстматов аз ҷониби мақомоти прокуратура бо аломатҳои ҷинояти моддаи 226 қисми 1 (ифлос кардани об), ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ифлос ё олуда кардани обҳои рӯизаминию зеризаминӣ муқаррар намудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст.
Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Шарифзода гуфт, бӯи ғализ то маркази Хуҷанд мерасад: комиссия ташкил шуд
Ҳоло парвандаи алайҳи Дӯстматов Н. дар марҳилаи судии Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад.
Моддаи 226 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ барои содир шудани чунин кирдор ҷазо барои бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз як саду чил то дусаду чил соат, ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин муҳлатро тақозо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0