https://sputnik.tj/20210714/sharifzoda-bui-ghaliz-hujand-1040877222.html
Шарифзода гуфт, бӯи ғализ то маркази Хуҷанд мерасад: комиссия ташкил шуд
Шарифзода гуфт, бӯи ғализ то маркази Хуҷанд мерасад: комиссия ташкил шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мушкили бӯи ғализ дар Хуҷанд доман паҳн мекунад. Фирдавс Шарифзода, раиси Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ ин мушкилро иқрор кард ва гуфт, ки барои ҳалли он комиссия таъсис шудааст
2021-07-14T12:35+0500
2021-07-14T12:35+0500
2021-07-14T12:35+0500
раис
шарифзода
хуҷанд
мушкил
бӯйи бад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/12/1032297317_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_7c47cfadb42a5fc22649f63fcefb9db4.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Паҳншавии бӯи ғализ дар Хуҷанд яке аз мавзуъҳое буд, ки рӯзноманигорон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба Фирдавс Шарифзода дар миён гузоштанд. Рӯзноманигорон гуфтанд, дар ҳоле кӯчаву ҷодаҳои Хуҷанд бо тарҳи нав чароғон карда мешаванд, ки мушкили паҳншавии бӯи ғализ чанд вақт ба ин тараф сокинони шаҳрро нигарон кардааст ва ин вазъ дар назди ҳар як меҳмон ва ё сайёҳи хориҷӣ таасуфбор аст. Раиси шаҳр, инро як мушкили ҷиддӣ унвон намуда иброз кард, ки чанд вақт ба ин тараф дар маркази Хуҷанд ҳам бӯйи ғализ ҳис мешавад. Беш аз як сол аст, ки қариб ҳар шому саҳар бӯи ғализ Хуҷандро фаро мегирад. Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам оиди ин мушкил нигаронӣ кардаанд. Баъзеҳо манбаъи паҳншавии бӯи бадро аз фаъол шудани чандин адад фермаҳои мурғпарварӣ дар сарҳади миёни Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рабт медиҳанд. Фирдавс Шарифзода иброз намуд, ки гурӯҳи корӣ фермаҳои мурғпарварие, ки дар сарҳади миёни Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгиранд пурра санҷиш намуда, манбаъи паҳншавии бӯи бадро муайян мекунанд.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/12/1032297317_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_8554a5681e0a43d631d2aef73df7e535.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бӯйи ғализ, хуҷанд, нишасти матбуотӣ
бӯйи ғализ, хуҷанд, нишасти матбуотӣ
Шарифзода гуфт, бӯи ғализ то маркази Хуҷанд мерасад: комиссия ташкил шуд
Мушкили бӯи ғализ дар Хуҷанд доман паҳн мекунад. Фирдавс Шарифзода, раиси Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ ин мушкилро иқрор кард ва гуфт, ки барои ҳалли он комиссия таъсис шудааст
ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Паҳншавии бӯи ғализ дар Хуҷанд яке аз мавзуъҳое буд, ки рӯзноманигорон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба Фирдавс Шарифзода дар миён гузоштанд.
Рӯзноманигорон гуфтанд, дар ҳоле кӯчаву ҷодаҳои Хуҷанд бо тарҳи нав чароғон карда мешаванд, ки мушкили паҳншавии бӯи ғализ чанд вақт ба ин тараф сокинони шаҳрро нигарон кардааст ва ин вазъ дар назди ҳар як меҳмон ва ё сайёҳи хориҷӣ таасуфбор аст.
Раиси шаҳр, инро як мушкили ҷиддӣ унвон намуда иброз кард, ки чанд вақт ба ин тараф дар маркази Хуҷанд ҳам бӯйи ғализ ҳис мешавад.
“Воқеан ин проблемаи ҷиддӣ барои шаҳр аст. Аввал микроноҳияҳои 3, 8, 12, 13, 18, 19 ва 20 буд, ҳоло рӯз аз рӯз паҳншавии бӯйи ғализ зиёд гардида ба маркази шаҳр ҳам паҳн шуда истодааст”, - гуфт раиси Хуҷанд.
Беш аз як сол аст, ки қариб ҳар шому саҳар бӯи ғализ Хуҷандро фаро мегирад. Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам оиди ин мушкил нигаронӣ кардаанд.
Баъзеҳо манбаъи паҳншавии бӯи бадро аз фаъол шудани чандин адад фермаҳои мурғпарварӣ дар сарҳади миёни Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рабт медиҳанд.
Фирдавс Шарифзода иброз намуд, ки гурӯҳи корӣ фермаҳои мурғпарварие, ки дар сарҳади миёни Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгиранд пурра санҷиш намуда, манбаъи паҳншавии бӯи бадро муайян мекунанд.