https://sputnik.tj/20210716/ahmadzoda-istefoi-futbol-khujand-1040947969.html
Аҳмадзода истеъфои директори бошгоҳи футболи “Хуҷанд”-ро напазируфт
Аҳмадзода истеъфои директори бошгоҳи футболи “Хуҷанд”-ро напазируфт
Sputnik Тоҷикистон
Мурод Умаров, мудири бошгоҳи футболи “Хуҷанд” дар вохурӣ бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят масъалаи ба истеъфо рафтанашро дар миён гузошт, вале он пазируфта нашуд
2021-07-16T20:00+0500
2021-07-16T20:00+0500
2021-07-16T20:15+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
суғд
хуҷанд
раҷаббой аҳмадзода
истеъфо
футбол
даста
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103034/97/1030349707_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_d4e363787de75d47a63c8ee30ea23242.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Аҳлиддин Юнусов, котиби ФФ Суғд, дар таъйиди ин иттилоъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар вохурии дирӯз Умаров хост аз кор дар мақомоаш канор равад, вале он аз ҷониби Аҳмадзода қабул нагардид, балки таъкид шуд, ки директори бошгоҳи футболи “Хуҷанд” вазифаҳои дар назди даста гузошташуда иҷро гардад.Зимнан сабаби пешниҳоди ба истеъфо рафтани Мурод Умаров, директори КФ “Хуҷанд” маълум нест. Вале баъзе аз мухлисон дар пайи тарк намудани чанде аз футболбозони ин даста аз ҷумла Фирдавс Чақалов ва Максим Грек талаби ба истеъфо рафтани директори клубро кардаанд.Дар пайи тарк намудани чанде аз футболбозони калидӣ, ҳатто мурабии дарвазобон ҳам аз кор дар тими футболи “Хуҷанд” даст кашидааст.Мухлисони дастаи футболи “Хуҷанд” дар шабакаҳои иҷтимоӣ иброз намудаанд, ки дар ҳоле, ки сарнавишти даста дар чанд бозии дар пешистода рақам зада мешавад, набояд директори клуб барои рафтани футболбозон рухсат медод.Алҳол дастаи“Хуҷанд” дар 12 бозӣ, 8 маротиба пирӯз шуда аз рӯи таносӯби голҳояш дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон қарор дорад.Умаров аз соли 2018 ба ин тараф директори клуби футболи “Хуҷанд” аст.Баъзе аз мухлисони футбол сабаби пешниҳоди истеъфо аз ҷониби Умаровро ба мушкили молиявии даста рабт медиҳанд. Аммо ин дар ҳолест, ки КФ “Хуҷанд” аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд дастгирии молӣ меёбад.Ҳукумати Суғд ба ҷузъ дастаи “Хуҷанд” то ҳол барои фаъолияти ягон тими футболи шаҳру навоҳӣ маблағгузорӣ накардааст.
https://sputnik.tj/20200218/baroi-dastai-Khujand-25-million-judo-kard-1030732599.html
https://sputnik.tj/20200228/Sad-hazor-somoni-tuhfai-Rajabboy-Amadzoda-ba-dastai-Khuand-1030793404.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103034/97/1030349707_71:0:895:618_1920x0_80_0_0_6d029f50d3f9cb547ac4e0bb2ddf824b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, бошгоҳи футбол, хуҷанд, напазируфтан, аҳмадзода, истеъфо
суғд, бошгоҳи футбол, хуҷанд, напазируфтан, аҳмадзода, истеъфо
Аҳмадзода истеъфои директори бошгоҳи футболи “Хуҷанд”-ро напазируфт
20:00 16.07.2021 (Навсозишуда: 20:15 16.07.2021) Мурод Умаров, мудири бошгоҳи футболи “Хуҷанд” дар вохурӣ бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят масъалаи ба истеъфо рафтанашро дар миён гузошт, вале он пазируфта нашуд
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Аҳлиддин Юнусов, котиби ФФ Суғд, дар таъйиди ин иттилоъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар вохурии дирӯз Умаров хост аз кор дар мақомоаш канор равад, вале он аз ҷониби Аҳмадзода қабул нагардид, балки таъкид шуд, ки директори бошгоҳи футболи “Хуҷанд” вазифаҳои дар назди даста гузошташуда иҷро гардад.
“Раиси федератсияи футболи Суғд дар посух ба ин пешниҳоди Умаров гуфтанд, ки ҳоло вақти тарк кардан нест, балки вазифаҳои дар назди даста гузошта ба иҷро расонида шавад”, - гуфт Юнусов.
Зимнан сабаби пешниҳоди ба истеъфо рафтани Мурод Умаров, директори КФ “Хуҷанд” маълум нест. Вале баъзе аз мухлисон дар пайи тарк намудани чанде аз футболбозони ин даста аз ҷумла Фирдавс Чақалов ва Максим Грек талаби ба истеъфо рафтани директори клубро кардаанд.
Дар пайи тарк намудани чанде аз футболбозони калидӣ, ҳатто мурабии дарвазобон ҳам аз кор дар тими футболи “Хуҷанд” даст кашидааст.
Мухлисони дастаи футболи “Хуҷанд” дар шабакаҳои иҷтимоӣ иброз намудаанд, ки дар ҳоле, ки сарнавишти даста дар чанд бозии дар пешистода рақам зада мешавад, набояд директори клуб барои рафтани футболбозон рухсат медод.
Алҳол дастаи“Хуҷанд” дар 12 бозӣ, 8 маротиба пирӯз шуда аз рӯи таносӯби голҳояш дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон қарор дорад.
Умаров аз соли 2018 ба ин тараф директори клуби футболи “Хуҷанд” аст.
Баъзе аз мухлисони футбол сабаби пешниҳоди истеъфо аз ҷониби Умаровро ба мушкили молиявии даста рабт медиҳанд. Аммо ин дар ҳолест, ки КФ “Хуҷанд” аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд дастгирии молӣ меёбад.
Ҳукумати Суғд ба ҷузъ дастаи “Хуҷанд” то ҳол барои фаъолияти ягон тими футболи шаҳру навоҳӣ маблағгузорӣ накардааст.