Аҳмадзода барои дастаи "Хуҷанд" 2,5 миллион ҷудо карду гуфт аз Лазаревич чиро интизор аст

Обуна шудан
Соли 2020 дастаҳои "Хуҷанд"- и Хуҷанд ва "Истаравшан" - и шаҳри Истаравшан вилояти Суғдро дар Қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои Лигаи олӣ муаррифӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо дидору мулоқот карда, гуфт аз сармураббии дастаи Хуҷанд Никола Лазаревич дастовардҳои хубро дар Ҷоми Конфедератсия футболи Осиё интизоранд.

Трансляция матча. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нороҳатӣ дар хориҷа! Пахши “Футбол” қатъ, рамзи “Варзиш” дигар шуд

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, дар мулоқот роҳбарону базингарони дастаҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, ки ҳамзамон раисии Федератсияи футболи шаҳру ноҳияҳоро бар дӯш доранд, сарпарастон ва дигар шахсони масъул ширкат намуда, фаъолияти Федератсияи футболи вилояти Суғд дар соли 2019 ва вазифагузориҳо барои соли ҷориро баррасӣ кардаанд. 

Муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Хуршед Ақдодов гуфтааст,  ки Федератсияи футболи вилоят дар соли 2019 фаъолияти хурдро самаранок сипарӣ намудааст. Ӯ панҷ дастоварди футболи Суғдро номбар кард.

  • Дар соли 2019 наврасони вилоят Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасони то синни 15-сола шуданд.
  • Дар вилоят дар ин сол 4 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни наврасон роҳандозӣ шуд, ки барои болоравии малакаю маҳорати наврасон замина гузошт.
  • Футболбозбонуҳои дастаи Мактаби махсусуси футболи вилоят дар Ҷуҳурии Тоҷикистон оид ба футболи бонувон то синни 15-сола соҳиби мақоми аввал шуданд.
  • Дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум, дуюм ва олӣ маҳорати баланд нишон доданд.
  • Дастаи “Хуҷанд”- и Хуҷанд дар соли сипаришуда зинаи 2-юми ҷадвали Чемпионати мамлакатро ишғол кард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ аз таваҷҷӯҳу дастгириҳои Ҳукумат, Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ёдовар шуда, зикр намудааст, ки Мақомоти Суғд низ барои рушду оммавияти футбол пайваста таваҷҷӯҳу ғамхори зоҳир менамояд.

"Барои иштироки фаъолонаи дастаи Хуҷанд имсол аз ҳисоби буҷҷа 2,5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст ва аз тарафи сарпарастон дар мавсими имсола боз дастаи “Хуҷанд” дастгирӣ карда мешавад", -гуфт Аҳмадзода ва аз соҳибкорони маҳаллӣ даъват кард, ки дастаҳои футболи шаҳру навоҳии вилоятро дастгирӣ намоянд.

Раиси вилоят сармураббии дастаи Хуҷанд Никола Лазаревичро барои ба ин вазифаи пурмасъул таъин шуданаш табрику таҳният гуфта таъкид кард, ки аз вохӯриҳои интихобии Ҷоми Конфедератсия футболи Осиё Мақомоти Суғд ва мухлисон аз дастаи Хуҷанд дастовардҳои хубро интизоранд.

Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони беҳтаринҳои футбол дар Хатлон

Вохӯрии аввали дастаи "Хуҷанд" дар доираи вохӯриҳои интихобии Ҷоми Конфедератсия футболи Осиё санаи 19-уми феврал бо дастаи "Нефтчи"- и Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.

Дар ин мулоқот қарор шудааст, ки дар соли ҷорӣ дастаҳои “Эсхата” - и Хуҷанд, “Парвоз” - и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, “Исфара” - и шаҳри Исфара ва “Равшан” - и ноҳияи Зафаробод дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум вилояти Суғдро муаррифӣ менамоянд.

Аҳмадзода, ба сардори кумитаи интизомии Федератсияи футболи вилояти Суғд Карим Иброҳимзода дастур дода шуд, ки харчи самараноки маблағҳои барои дастаҳои ҷудошударо зери назорат гиранд.

Лентаи хабарҳо
0