Абдуллоҳ Абдуллоҳ: сулҳ ба Афғонистон бо гирифтани вулусволиҳо намеояд - видео

Обуна шудан
Ҳайати баландпояи Афғонистон бо роҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи милии Афғонистон барои музокирот бо Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия) ба шаҳри Доҳа сафар карданд
Пеш аз сафар ба Доҳа дар фурудгоҳи байналмилалии Афғонистон, Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо рӯзноманигорон суҳбат карданд.
Дар ин нишаст Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъкид карданд, ки аз музокироти сулҳ дар Доҳа умеди зиёд доарнд ва хоҳони он ҳастанд, ки дар Афғонистон ҳар чӣ зудтар сулҳу субот мустақар гардад.
Қайд карда мешавад, ки ба ҳайати мазкур ғайр аз Ҳомид Карзай, Муҳаммад Юнус Қонунӣ, Ботур писари Абдурашид Дӯстум, Гулбеддин Ҳикматёр, Ҳоҷӣ Муҳаммад Моҳакик, Ато Муҳамади Нур ва дигар чеҳраҳои сиёсии Афғонистон шомил ҳастанд.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ, бо вазири давлатӣ дар умури сулҳи Афғонистон Саидсаодат Мансур Нодирӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сипоси Афғонистон аз давлати Тоҷикистон барои қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон
Ёдовар мешавем, ки қаблан Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи милии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва раисҷумҳури пешини ин кишвар Ҳомид Карзай дар бораи азсаргирии музокираи сулҳи байниафғонӣ хабар доданд.
Қаблан Абдуллоҳ Абдуллоҳ омодагии ҳукуматро ба музокира бо Толибон қайд кард ва гуфт, ки музокираи намояндагони Афғонистон ва Толибон (созмони маманӯъ дар қаламрави Русия) метавонад рӯзҳои наздик аз сар гирифта шавад.
Ҳанӯз маълум нест, ки ҳайати Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия)-ро дар музокирот кӣ роҳабарӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0