https://sputnik.tj/20210715/vakolatdor-huquqi-inson-jalbi-ijbori-javonon-marshirovka-1040911210.html
Ваколатдори ҳуқуқи инсон: ҷалби иҷбории ҷавонон ба “маршировка” нақзи ҳуқуқи инсон нест
Ваколатдори ҳуқуқи инсон: ҷалби иҷбории ҷавонон ба “маршировка” нақзи ҳуқуқи инсон нест
Sputnik Тоҷикистон
Ваколатдори ҳуқуқи инсон, маҷбуран ҷалб намудани донишҷӯён ва хонандагонро барои ширкат дар барномаҳои оммавӣ ё ба истилоҳ “маршировка”-ҳо нақзи ҳуқуқи инсон намедонад
2021-07-15T16:35+0500
2021-07-15T16:35+0500
2021-07-15T16:35+0500
дар тоҷикистон
ҳуқуқи инсон
ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
ҷалб
нақз
чорабинӣ
ҷавонон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102190/59/1021905956_0:0:2175:1224_1920x0_80_0_0_ec4e5e90b0ab46e015116661f4f9bb7c.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки ҷавонон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ ба маршировкаҳо ҷалб мешаванд ва ин барои ӯ як чизи маъмулист.“На танҳо дар Тоҷикистон дар дигар давлатҳо ҳам дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ, ба мисли чемпионатҳои ҷаҳон оид ба футбол ҷавонон, донишҷӯён ва хонандагон ба “маршировкаҳо” ҷалб мешаванд”, - гуфт омбудсмени Тоҷикистон.Вай гуфт, ки ҷалби ҷавонон ба “маршировка”-ҳо барои қонеъ кардани ҳуқуқҳои фарҳангии давлат сурат мегирад.Вай илова кад, ки на ҳамаи донишҷӯён ба ин гуна чорабинҳо ҷалб карда мешаванд. Вай гуфт дар шароити паҳншавии вируси корон онҳое, ки беморанд ва сабаби дигар доранд, ба маршировка ҷалб намешаванд.“Айни ҳол таътили тобистонаи донишҷӯён ва хонандагон аст ва дар давоми таътил ҷалб кардани онҳо ба маршировка нақзи ҳуқуқи донишҷӯён нест. Чунки онҳое, ки ба маршировка ҷалб мешаванд, аз имтиёзҳо бархурдоранд ва ба таътили иловагӣ фаро гирифта мешаванд”, - афзуд Умед Бобозода.
https://sputnik.tj/20201008/Mulokoti-vakolatdori-hukui-inson-dar-Tajikistan-bo-nozironi-SAHA-dar-arafai-intikhobot-1032049512.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102190/59/1021905956_0:0:1935:1451_1920x0_80_0_0_194417c6646e469fc25e9afb044d8e97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маршировка, ваколатдори ҳуқуқи инсон, нақзи ҳуқуқ
тоҷикистон, маршировка, ваколатдори ҳуқуқи инсон, нақзи ҳуқуқ
Ваколатдори ҳуқуқи инсон: ҷалби иҷбории ҷавонон ба “маршировка” нақзи ҳуқуқи инсон нест
Ваколатдори ҳуқуқи инсон, маҷбуран ҷалб намудани донишҷӯён ва хонандагонро барои ширкат дар барномаҳои оммавӣ ё ба истилоҳ “маршировка”-ҳо нақзи ҳуқуқи инсон намедонад
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки ҷавонон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ ба маршировкаҳо ҷалб мешаванд ва ин барои ӯ як чизи маъмулист.
“На танҳо дар Тоҷикистон дар дигар давлатҳо ҳам дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ, ба мисли чемпионатҳои ҷаҳон оид ба футбол ҷавонон, донишҷӯён ва хонандагон ба “маршировкаҳо” ҷалб мешаванд”, - гуфт омбудсмени Тоҷикистон.
Вай гуфт, ки ҷалби ҷавонон ба “маршировка”-ҳо барои қонеъ кардани ҳуқуқҳои фарҳангии давлат сурат мегирад.
“Набояд фаромӯш кунем, ки дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ аз давлатҳои дигар меҳмонон меоянд. Дар сурати иштирок накарадани ҷавонон мо наметавонем ин чорабиниҳоро баргузор намоем”, - қайд кард ваколатдори ҳуқуқи башар.
Вай илова кад, ки на ҳамаи донишҷӯён ба ин гуна чорабинҳо ҷалб карда мешаванд. Вай гуфт дар шароити паҳншавии вируси корон онҳое, ки беморанд ва сабаби дигар доранд, ба маршировка ҷалб намешаванд.
“Айни ҳол таътили тобистонаи донишҷӯён ва хонандагон аст ва дар давоми таътил ҷалб кардани онҳо ба маршировка нақзи ҳуқуқи донишҷӯён нест. Чунки онҳое, ки ба маршировка ҷалб мешаванд, аз имтиёзҳо бархурдоранд ва ба таътили иловагӣ фаро гирифта мешаванд”, - афзуд Умед Бобозода.