Мулоқоти ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо нозирони САҲА дар арафаи интихобот

© Sputnik / Сергей АверинФлаг на автомобиле кортежа ОБСЕ, архивное фото
Флаг на автомобиле кортежа ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанберо муҳим арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Имрӯз Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Михаэла Сивич ва Марианна Скопа, ки барои назорати ҷараёни интихоботи Президентӣ ба Тоҷикистон омаданд, мулоқот намуд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Председатель Аграрной партии Рустам Латифзода - Sputnik Тоҷикистон
Латифзода ваъда дод кишоварзонро аз андоз озод мекунаду, нафақаи онҳоро баланд мебардорад

ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ташрифи ҳайати нозиронро ба Душанбе муҳим арзёбӣ кард.

гуфта шудааст, ки дар мулоқот масоили фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар раванди ташкил ва баргузории интихоботи президентӣ, ки 11 октябри соли равон баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Умед Бобозода зимни мулоқот қайд намудааст, ки роҳбарон ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар раванди ташкил ва баргузории интихобот фаъолона иштирок намуда, ҳолати омодагии ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳоро мониторинг намуданд.

“Ҳамчунин барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ тадбирҳои дахлдор андешида шуданд”, зикр кардааст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

Инчунин, дар ин дидор оид ба раванди тарғиботи номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон, мулоқот бо интихобкунандагон, баромад дар ВАО  баҳои баланд дода шуда, ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки интихоботи Президенти Тоҷикистон дар фазои озод, шаффоф, демократӣ ва бо иштироки васеи интихобкунандагон баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0