https://sputnik.tj/20210715/sitod-coronavirus-bemori-khujand-benishon-alomathoi-klinikavi-1040918073.html
Ситод: миқдори зиёди беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бенишон буда, аломатҳои клиникавӣ надорад
Ситод: миқдори зиёди беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бенишон буда, аломатҳои клиникавӣ надорад
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран дар бинои мақомоти шаҳри Хуҷанд ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус “Covid-19” баргузор гардид
2021-07-15T20:20+0500
2021-07-15T20:20+0500
2021-08-10T16:57+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
хуҷанд
ситод
пешгирӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103122/40/1031224033_0:28:2900:1659_1920x0_80_0_0_74670c47dedf7cd87246fad40273a108.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар ҷаласаи мазкур раванди мубориза оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.Дар ҷала қайд шудааст, ки пас аз эътироф гардидани бемории короновирус тибқи дастури Ситоди шаҳрӣ “дар тамоми ҷабҳа корҳои мубориза ва фаҳмондиҳӣ пурзӯр гардида, фаъолияти шабонарўзии маъулини ситод роҳандозӣ карда шуд”.Ситоди шаҳри қайд кардааст, ки миқдори зиёди беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бенишон буда, аломатҳои клиникавӣ надорад, ки ин сабаби ноаён ва тез паҳншавии беморӣ дар байни аҳолӣ гардида истодааст.Фирдавс Шарифзода раиси шаҳри Хуҷанд, ба масъулини дахлдор, аз ҷумла муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, сардухтурони марказҳои саломатӣ, раисони маҳаллаҳо дастур дод, ки барои муолиҷа, пешгирӣ ва фароҳам овардани шароит ба алоқаманд ва беморони кароновирус мусоидат намоянд.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки фаъолияти марказҳои савдою хизматрасонӣ, маконҳои истироҳату фароғат ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ зери назорати доимӣ қарор гирифта шавад.Мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид доштааст, ки аз ҷониби сохторҳои шаҳрдорӣ тибқи нақша дар кӯчаву хиёбон ва манзили шаҳрвандон корҳои безараргардонӣ ҷараён дошта, он дар оянда боз ҳам идома хоҳад ёфт.Ҳамзамон зикр гардидааст, ки шаҳрвандон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии навъи коронавирус набояд ба ҷойҳои серодам раванд, аз дастфишорӣ худдорӣ намоянд, тез-тез дастони худро бо собун ё ин ки бо маҳлулҳои безараркунонишуда шӯянд, ба оддитарин қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намоянд, бидуни зарурат ба кӯча набароянд. Муҳимтар аз ҳама худ ва атрофиёнро эҳтиёт намоянд.
https://sputnik.tj/20210714/rais-nohiya-bobojon-ghafurov-koronavirus-giriftor-1040884140.html
https://sputnik.tj/20210715/vazir-didorbinii-bemoron-koronavirus-suhbat-1040906262.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103122/40/1031224033_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_9a2d0b88eab8e348c6943493ebebc8ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ситоди шаҳри хуҷанд, бемори, коронавирус, аломат
тоҷикистон, ситоди шаҳри хуҷанд, бемори, коронавирус, аломат
Ситод: миқдори зиёди беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бенишон буда, аломатҳои клиникавӣ надорад
20:20 15.07.2021 (Навсозишуда: 16:57 10.08.2021) Ахиран дар бинои мақомоти шаҳри Хуҷанд ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус “Covid-19” баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар ҷаласаи мазкур раванди мубориза оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.
Дар ҷала қайд шудааст, ки пас аз эътироф гардидани бемории короновирус тибқи дастури Ситоди шаҳрӣ “дар тамоми ҷабҳа корҳои мубориза ва фаҳмондиҳӣ пурзӯр гардида, фаъолияти шабонарўзии маъулини ситод роҳандозӣ карда шуд”.
Ситоди шаҳри қайд кардааст, ки миқдори зиёди беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бенишон буда, аломатҳои клиникавӣ надорад, ки ин сабаби ноаён ва тез паҳншавии беморӣ дар байни аҳолӣ гардида истодааст.
“Аз ин дидгоҳ шаҳрвандонро зарур аст, ки боэҳтиёт бошанд, бепарво нагарданд, бениқоб набошанд, гигиенаи ҷамъитиро риоя ва фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд. Тарсро ҷой надиҳанд, вале ҳатман эҳтиёткор бошанд”, - таъкид доштааст ситод.
Фирдавс Шарифзода раиси шаҳри Хуҷанд, ба масъулини дахлдор, аз ҷумла муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, сардухтурони марказҳои саломатӣ, раисони маҳаллаҳо дастур дод, ки барои муолиҷа, пешгирӣ ва фароҳам овардани шароит ба алоқаманд ва беморони кароновирус мусоидат намоянд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки фаъолияти марказҳои савдою хизматрасонӣ, маконҳои истироҳату фароғат ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ зери назорати доимӣ қарор гирифта шавад.
Мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид доштааст, ки аз ҷониби сохторҳои шаҳрдорӣ тибқи нақша дар кӯчаву хиёбон ва манзили шаҳрвандон корҳои безараргардонӣ ҷараён дошта, он дар оянда боз ҳам идома хоҳад ёфт.
“Дар беморхонаҳо беморон зери назорати доимии духтурон қарор доранд. Имрӯз беморхонаҳо бо доруворӣ ва дигар шароити табобу ташхис таъмин гардида, дар марказҳои саломатӣ низ духтурон шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд”, - қайд намудааст Ситоди шаҳрӣ.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки шаҳрвандон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии навъи коронавирус набояд ба ҷойҳои серодам раванд, аз дастфишорӣ худдорӣ намоянд, тез-тез дастони худро бо собун ё ин ки бо маҳлулҳои безараркунонишуда шӯянд, ба оддитарин қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намоянд, бидуни зарурат ба кӯча набароянд. Муҳимтар аз ҳама худ ва атрофиёнро эҳтиёт намоянд.