Вазир ба дидорбинии беморони коронавирус рафт ва бо пайвандонашон сӯҳбат кард

© Саҳифаи Вазорати тандурустӣ дар FacebookВазири тандурустӣ ба дидорбинии беморони коронавирус рафт
Вазири тандурустӣ ба дидорбинии беморони коронавирус рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Обуна шудан
Вазир бо пайвандони беморон, ки дар ҳавлии беморхона қарор доштанд, сӯҳбат кард
ДУШАНБЕ, 15 июл- Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба дидорбинии беморони коронавирус рафтааст.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, Абдуллозода аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии "Шифобахш" дидан намудудааст.
Дар ин марказ гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 бистарӣ мебошанд.
"Вазир ҳангоми боздид бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 ва сатҳу шароити муассиса дар самти табобати беморони мазкур аз наздик шинос гардид", - менависад манбаъ.
Масъулин зикр кардаанд, ки дар ин ҷо гирифторони сирояти коронавирус ба таври шабонарӯзӣ таҳти назорат қарор доранд.
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода посетил родильное отделение Центральной больницы Вахдата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Пас аз гилаи Марям Исоева: вазир бо муовинонаш назди беморони COVID - 19 рафт
"Пизишкон баҳри наҷоти ҷони онҳо тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона месозанд", - таъкид мекунад манбаъ.
Зимни боздид Абдуллозода бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхонаҳо қарор доштанд, суҳбат кардааст.
"Ҳукумати мамлакат баҳри табобати гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро хоҳад андешид", - таъкид кардааст вай.
Ҳамзамон намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Беморхонаи шаҳри Ваҳдат ва як зумра муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд низ дидан намуда, бо ҷараёни табобати гирифторони бемории COVID-19 аз наздик шинос шуданд.
Лентаи хабарҳо
0