https://sputnik.tj/20210714/rais-nohiya-bobojon-ghafurov-koronavirus-giriftor-1040884140.html
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дақиқ гуфт чанд нафар ба “коронавирус” гирифтор шудаанд
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дақиқ гуфт чанд нафар ба “коронавирус” гирифтор шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нишасти матбуотӣ вазъи эпидемиологӣ ва омори гирифторони бемории сироятии коронавирусро шарҳ дод
2021-07-14T15:10+0500
2021-07-14T15:10+0500
2021-07-14T15:10+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
ноҳияи бобоҷон ғафуров
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032802261_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_32d581e83604d4c44f212575b96342d3.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Бино ба иттилои Давлатзода алҳол дар маҷмӯъ 32 сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо аломатҳои бемории коронавирус табобат мегиранд.Зафарбек Давлатзода афзуд, чунин ашхос дар муҳити хонаводагӣ сироят шудаанд ва тибқи ҳисоботи масъулони соҳаи тандурустӣ, омори алоқамандон ба ин бемории сироятӣ дар ноҳия 166 нафар рақам зада мешавад. Барои тартиби чунин рақам табибон 4 нафар аз ҳар як аъзои хонаводаи гирифтори “вируси корона” - ро сабт намудаанд.Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи фавти сокинон аз ин маризии сироятӣ чизе нагуфт, вале вазъи эпидемиологиро дар ин ноҳияи Суғд мӯътадил арзёбӣ кард.Масъулони Идораи кӯмаки аввалияи тиббию санитари (КАТС) и ноҳия гуфтанд, ки маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории коронавирус идома дорад.Малика Қосимова, сардори КАТС гуфт, маъракаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 аз ҳисоби кормандони тиб дар ин ноҳия 97 дарсад ва аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳуқуқ 37 дарсад то ин вақт иҷро шудааст.Инчунин дар Тоҷикистон маъракаи васеъи эмгузаронӣ барои аҳолии аз 18-сола боло ҷараён дорад. Вазорати тандурустӣ дирӯз иттилоъ дод, ки тайи шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 3 тан аз вируси карона ҳалок шудаву 43 ҳолати нави гирифторӣ ошкор шудааст.Ҳамчунин 28 нафар пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат шудаанд. Бино ба иттилои расмӣ дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирии коронавирус то 13 июл дар кишвар 13911 нафар гирифтори сирояти коронавируси нави COVID-19 шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13581 нафар (97,6%) шифо ёфтаанд.Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 107 нафар фавтидаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.
https://sputnik.tj/20210714/favt-koronavirus-jahon-afzud-1040875045.html
https://sputnik.tj/20210713/marg-emor-koronavirus-omor-vazorat-1040871155.html
ноҳияи бобоҷон ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032802261_182:0:2913:2048_1920x0_80_0_0_7610f3bb3bac8b11d488275aa4dcf980.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коронавирус, бобоҷон ғафуров, омор, сироят, мубталошавӣ, гирифторон
тоҷикистон, коронавирус, бобоҷон ғафуров, омор, сироят, мубталошавӣ, гирифторон
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дақиқ гуфт чанд нафар ба “коронавирус” гирифтор шудаанд
Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нишасти матбуотӣ вазъи эпидемиологӣ ва омори гирифторони бемории сироятии коронавирусро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Бино ба иттилои Давлатзода алҳол дар маҷмӯъ 32 сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо аломатҳои бемории коронавирус табобат мегиранд.
“Аз ин шумор 11 нафар дар шуъбаи сироятии Шифохонаи марказӣ ва 10 нафар дар Шифохонаи клиникавии № 3 и ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонов бистарӣ шуда, 11 тани дигар таҳти муроқибати пизишкон дар хона қарор доранд”, - гуфт раиси ноҳия.
Зафарбек Давлатзода афзуд, чунин ашхос дар муҳити хонаводагӣ сироят шудаанд ва тибқи ҳисоботи масъулони соҳаи тандурустӣ, омори алоқамандон ба ин бемории сироятӣ дар ноҳия 166 нафар рақам зада мешавад. Барои тартиби чунин рақам табибон 4 нафар аз ҳар як аъзои хонаводаи гирифтори “вируси корона” - ро сабт намудаанд.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи фавти сокинон аз ин маризии сироятӣ чизе нагуфт, вале вазъи эпидемиологиро дар ин ноҳияи Суғд мӯътадил арзёбӣ кард.
Масъулони Идораи кӯмаки аввалияи тиббию санитари (КАТС) и ноҳия гуфтанд, ки маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории коронавирус идома дорад.
Малика Қосимова, сардори КАТС гуфт, маъракаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 аз ҳисоби кормандони тиб дар ин ноҳия 97 дарсад ва аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳуқуқ 37 дарсад то ин вақт иҷро шудааст.
“Мо интизори расидани бастаи нави вояи ваксинаи коронавирус ҳастем. Дар ин марҳила, пеш аз ҳама сокинони аз 60-сола боло ва қишрҳои дигари аҳолӣ эм карда мешаванд”, - гуфт Қосимова.
Инчунин дар Тоҷикистон маъракаи васеъи эмгузаронӣ барои аҳолии аз 18-сола боло ҷараён дорад. Вазорати тандурустӣ дирӯз иттилоъ дод, ки тайи шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 3 тан аз вируси карона ҳалок шудаву 43 ҳолати нави гирифторӣ ошкор шудааст.
Ҳамчунин 28 нафар пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат шудаанд. Бино ба иттилои расмӣ дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирии коронавирус то 13 июл дар кишвар 13911 нафар гирифтори сирояти коронавируси нави COVID-19 шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13581 нафар (97,6%) шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 107 нафар фавтидаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.