https://sputnik.tj/20210715/qurbon-sokinoni-sughd-mahsulotro-arzon-1040908879.html
Иди Қурбон - нархи арзон: сокинони 4 шаҳри Суғд маҳсулотро арзонтар мехаранд
Иди Қурбон - нархи арзон: сокинони 4 шаҳри Суғд маҳсулотро арзонтар мехаранд
Sputnik Тоҷикистон
Дар чаҳор шаҳри вилояти Суғд ба хотири Иди Қурбон маҳсулот арзонтар фурӯхта мешавад
2021-07-15T15:35+0500
2021-07-15T15:35+0500
2021-07-15T15:35+0500
иҷтимоъ
суғд
арзон
ярмарка фурӯши маҳсулот
иди қурбон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102605/46/1026054683_0:308:5871:3610_1920x0_80_0_0_f33b30685e5c632b28c30838057f7f68.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бахшида ба Иди саиди Қурбон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка фурӯши маҳсулот баргузор мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии нисбатан арзон роҳандозӣ мешавад.Ҳамин тавр, рӯзи 17 июл дар шаҳрҳои саноатии Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мешавад.Ҳамчунин дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 17, 18 ва 19 июл чунин ярмаркаҳо гузаронида мешавад.Ин дар ҳолест, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ ваъда додааст, ки нархҳои маҳсулотро дар бозорҳои кишвар дар арафаи Иди Қурбон таҳти назорати худ мегирад."Пеш аз Ид, мо як ситод таъсис медиҳем, ки дар давраи Ид нархгузорӣ ва мавҷудияти нархномаҳо дар молҳоро ба танзим медарорад. Дар ҳақиқат дар кишвар дар арафаи Идҳо болоравии нархи маҳсулот, аз ҷумла меваҳо мушоҳида мешавад", - гуфт Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми директори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон.Қурбонзода таъкид кард, ки нафароне, ки қонунро нақз мекунанд ҷарима мешаванд ё ин ки нисбати онҳо дигар чораҳои маъмурӣ гирифта мешавад.Ёдовар мешавем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи таҷлили Иди Қурбонро эълон кард. Имсол он рӯзи сешанбеи 20 июл таҷлил хоҳад шуд.Тибқи анъана, Ид аз намози дастаҷамъона ва идона оғоз мешавад, ки дар тамоми масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон соати 6:30 баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20210714/id-qurbon-tojikiston-namoz-dastajamona-1040874091.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102605/46/1026054683_325:0:5546:3916_1920x0_80_0_0_7431eb9e3579d6cecf131eb49071fc4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арзон, нарх, суғд, маҳсулот, иди қурбон
арзон, нарх, суғд, маҳсулот, иди қурбон
Иди Қурбон - нархи арзон: сокинони 4 шаҳри Суғд маҳсулотро арзонтар мехаранд
Дар чаҳор шаҳри вилояти Суғд ба хотири Иди Қурбон маҳсулот арзонтар фурӯхта мешавад
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бахшида ба Иди саиди Қурбон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка фурӯши маҳсулот баргузор мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии нисбатан арзон роҳандозӣ мешавад.
Ҳамин тавр, рӯзи 17 июл дар шаҳрҳои саноатии Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мешавад.
Ҳамчунин дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 17, 18 ва 19 июл чунин ярмаркаҳо гузаронида мешавад.
"Дар ин ярмаркаҳо ба сокинон маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, равған, гӯшт, орд, шакар, меваҷоту полезиҳо ва асалу тухм бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод мегардад", - омадааст дар хабарнома.
Ин дар ҳолест, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ ваъда додааст, ки нархҳои маҳсулотро дар бозорҳои кишвар дар арафаи Иди Қурбон таҳти назорати худ мегирад.
"Пеш аз Ид, мо як ситод таъсис медиҳем, ки дар давраи Ид нархгузорӣ ва мавҷудияти нархномаҳо дар молҳоро ба танзим медарорад. Дар ҳақиқат дар кишвар дар арафаи Идҳо болоравии нархи маҳсулот, аз ҷумла меваҳо мушоҳида мешавад", - гуфт Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми директори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон.
Қурбонзода таъкид кард, ки нафароне, ки қонунро нақз мекунанд ҷарима мешаванд ё ин ки нисбати онҳо дигар чораҳои маъмурӣ гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи таҷлили Иди Қурбонро эълон кард. Имсол он рӯзи сешанбеи 20 июл таҷлил хоҳад шуд.
Тибқи анъана, Ид аз намози дастаҷамъона ва идона оғоз мешавад, ки дар тамоми масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон соати 6:30 баргузор мешавад.