https://sputnik.tj/20210714/id-qurbon-tojikiston-namoz-dastajamona-1040874091.html
Иди Қурбон дар Тоҷикистон бо намози дастаҷамъона доир мешавад
Иди Қурбон дар Тоҷикистон бо намози дастаҷамъона доир мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон расман санаи таҷлили Иди Қурбонро тасдиқ кард
2021-07-14T10:51+0500
2021-07-14T10:51+0500
2021-07-14T12:17+0500
дар тоҷикистон
иди қурбон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102237/83/1022378356_0:333:3049:2048_1920x0_80_0_0_34b97b14474ea184de52b09e1a2dbc21.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Аз ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, субҳи имрӯз ҷаласа Шӯро доир гашт, ки дар санаи таҷлили ид 20 июл тасдиқ шуд.Ба иттилои манбаъ, намози дастаҷамъона доир мешавад, ки замони баргузории он соати 6:30 муаян карда шуд.Гуфта мешавад, имомхатибон вазифадор гаштаанд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, илмомӯзии наврасону ҷавонон, ва расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.Ёдовар мешавем, соли гузашта бинобар вазъи ногувори пандемия дар кишвар намози дастаҷамъонаи Иди Қурбон доир нагашт.Моҳи майи соли ҷорӣ бошад намози Иди Рамазон бинобар беҳ шудани вазъ доир гашт, аммо мақомоти тоҷик баъди беш аз панҷ моҳ санаи 21 июн дигарбора аз хуруҷи коронавирус дар кишвар хабар доданд.Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
https://sputnik.tj/20201115/Taqvim-ruzho-Id-dar-Tojikiston-dar-soli-2021-1032273911.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102237/83/1022378356_300:0:3031:2048_1920x0_80_0_0_dbee85f7daa50f57540b3d6a23d79424.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иди қурбон, тоҷикистон, намози дастаҷамъона,
иди қурбон, тоҷикистон, намози дастаҷамъона,
Иди Қурбон дар Тоҷикистон бо намози дастаҷамъона доир мешавад
10:51 14.07.2021 (Навсозишуда: 12:17 14.07.2021) Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон расман санаи таҷлили Иди Қурбонро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Аз ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, субҳи имрӯз ҷаласа Шӯро доир гашт, ки дар санаи таҷлили ид 20 июл тасдиқ шуд.
Ба иттилои манбаъ, намози дастаҷамъона доир мешавад, ки замони баргузории он соати 6:30 муаян карда шуд.
Гуфта мешавад, имомхатибон вазифадор гаштаанд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, илмомӯзии наврасону ҷавонон, ва расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта бинобар вазъи ногувори пандемия дар кишвар намози дастаҷамъонаи Иди Қурбон доир нагашт.
Моҳи майи соли ҷорӣ бошад намози Иди Рамазон бинобар беҳ шудани вазъ доир гашт, аммо мақомоти тоҷик баъди беш аз панҷ моҳ санаи 21 июн дигарбора аз хуруҷи коронавирус дар кишвар хабар доданд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.