Ғаффор “Седой” ба Омбудсмен шикоят бурдааст

© Sputnik / Р. Мангасарян / Гузариш ба медиабонкГафор Мирзоев. Архивное фото
Гафор Мирзоев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Обуна шудан
Ғаффор Мирзоев -раиси собиқи Ожони мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ба ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон шикояти хаттӣ ирсол кардааст
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ғаффор Мирзоев -раиси собиқи Ожони мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва яке аз лидерони собиқи Фронти Халқӣ, ки аз рӯи 28 банди ҚҶ Тоҷикистон, аз ҷумла, бо ҷурми кӯшиши табаддулоти давлатӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва куштор ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд, ба ваколатдори ҳуқуқи инсон роҷеъ ба ҳукми содир кардаи додгоҳ алайҳаш шикоят бурдааст.
Ӯ дар аризаи хаттии худ аз ҳукми содир кардаи додгоҳи Тоҷикистон изҳори норизоӣ кардааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2020
Интиқоди Раҳмон аз илму маориф ва ёдоварии дипломи “зеризаминӣ” – и Ғаффор “Седой”
Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон таъкид кард, ки аризаи раиси собиқи Ожони мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аввали сол ба дасти ӯ расидааст.
“Мо мактубро ба мақомоти судӣ бе восита ба суди олӣ, ки ба он дахл дошт ирсол кардем. Мактуби ӯ зери назорат қарор дорад”, - гуфт Омбудсмени Тоҷикистон.
Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки Ғаффор Мирзоев вобаста ба будубоаша дар зиндон ягон муроҷиат накардааст.
“Ман бовар дорам, ки намояндагони мо дар оянда дар якҷоягӣ бо намояндагони дигарсохторҳо ба зиндон рафта аз аҳволи Ғаффор Мирзоев хабар мегирем”, - зикр кард Умед Бобозода.
Ёкуб Салимов бо фарзандони навзодаш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2020
“Экстремизми иттилоотӣ”: вокуниши ВКД ба хабари ҳамлаи ниқобпӯшон ба хонаи Ёқуб Салимов
Ваколатдори ҳуқуқи инсон қайд кард, ки ҳар арзае, аз ҷониби маҳбусон вобаста ба мавққеъи будубош ё саломатиашон ворид мегардад, рафта сари вақт санҷиш мекунем аз аҳволи онҳо хабар мегирем.
Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар интиҳои тобистони соли равон аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон барои иртикоби ҷиноёт, аз ҷумла талоши исёни ҳарбӣ алайҳи давлат, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти аворизи гумрукӣ ва молиёт, сӯъистифода аз мақоми хидматӣ, паҳн кардани варақаҳои зиддидавлатӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0