https://sputnik.tj/20210714/ofati-tabi-rushon-nurobodu-ayni-hisorot-1040878421.html
Офати табиӣ аз Рӯшон то Нурободу Айнӣ чӣ хисорот овард
Офати табиӣ аз Рӯшон то Нурободу Айнӣ чӣ хисорот овард
Sputnik Тоҷикистон
Селхезии шабонарӯзи гузашта чандин манзилу заминҳои наздиҳавлигиро хароб намуда, дар баъзе минтақаҳо роҳҳои мошингузарро низ шуст
2021-07-14T12:54+0500
2021-07-14T12:54+0500
2021-07-14T13:01+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вмкб
айнӣ
кӯҳистони мастчоҳ
нуробод
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102268/62/1022686276_0:94:1000:657_1920x0_80_0_0_af86a14483cb14331e8db6c9ed491c73.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Бар асари боронгариҳо ва ҳавои тафсон, ки боиси баланд шудани сатҳи оби рӯду кӯлҳо гардид, дар Тоҷикистон селхезӣ сурат гирифт.Офати табиӣ ҳам ба сокинони ВМКБ, Суғд ва ҳам сокинони навоҳии тобеи марказро домангир намуд.Аз ҷумла, нисфирӯзи 13 июл дар натиҷаи борони пуршиддат дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони ВМКБ сел фаромад, хабар медиҳад КҲФ.Сел дар як муддати кӯтоҳ роҳи мошингардро баст. Ҳамзамон 7 хонаи истиқоматиро вайрон ва ба 16 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд.Зимнан, тақрибан пас аз 1,5 соат сел дар ноҳияи Нуробод, деҳаи Муҷихарф ҳам фаромад. Дар ин ҷо 5 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои корам аз лойоба пур шуданд. Илова бар ин, сел ду мошинро комилан шуст.КҲФ мегӯяд, сел дар деҳаи Оҳангарони ин ноҳия роҳро масдуд кард ва дар деҳаи Комсомолобод бошад, ду пули аҳамияти маҳалидоштаро хароб гардонд.Ҳамзамон, манбаъ аз фаромадани сел дар ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ хабар медиҳад. Дар ин навоҳӣ низ селоба роҳи байни шаҳракро муваққатан масдуд кард.КҲФ мегӯяд, бар асари ин офати табиӣ дар ягон ноҳияи офатзада талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
https://sputnik.tj/20210713/navor-sel-harobiovar-deha-shujandi-vmkb-1040867649.html
вмкб
айнӣ
кӯҳистони мастчоҳ
нуробод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102268/62/1022686276_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_c1ba3330d9d5886d327e7fa80e9e0e91.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сел тоҷикистон хисорот
Офати табиӣ аз Рӯшон то Нурободу Айнӣ чӣ хисорот овард
12:54 14.07.2021 (Навсозишуда: 13:01 14.07.2021) Селхезии шабонарӯзи гузашта чандин манзилу заминҳои наздиҳавлигиро хароб намуда, дар баъзе минтақаҳо роҳҳои мошингузарро низ шуст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Бар асари боронгариҳо ва ҳавои тафсон, ки боиси баланд шудани сатҳи оби рӯду кӯлҳо гардид, дар Тоҷикистон селхезӣ сурат гирифт.
Офати табиӣ ҳам ба сокинони ВМКБ, Суғд ва ҳам сокинони навоҳии тобеи марказро домангир намуд.
Аз ҷумла, нисфирӯзи 13 июл дар натиҷаи борони пуршиддат дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони ВМКБ сел фаромад, хабар медиҳад КҲФ.
Сел дар як муддати кӯтоҳ роҳи мошингардро баст. Ҳамзамон 7 хонаи истиқоматиро вайрон ва ба 16 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд.
Зимнан, тақрибан пас аз 1,5 соат сел дар ноҳияи Нуробод, деҳаи Муҷихарф ҳам фаромад. Дар ин ҷо 5 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои корам аз лойоба пур шуданд. Илова бар ин, сел ду мошинро комилан шуст.
КҲФ мегӯяд, сел дар деҳаи Оҳангарони ин ноҳия роҳро масдуд кард ва дар деҳаи Комсомолобод бошад, ду пули аҳамияти маҳалидоштаро хароб гардонд.
Ҳамзамон, манбаъ аз фаромадани сел дар ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ хабар медиҳад. Дар ин навоҳӣ низ селоба роҳи байни шаҳракро муваққатан масдуд кард.
КҲФ мегӯяд, бар асари ин офати табиӣ дар ягон ноҳияи офатзада талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.