https://sputnik.tj/20210713/navor-sel-harobiovar-deha-shujandi-vmkb-1040867649.html
Навори сели харобиовар дар деҳаи Шуҷанди ВМКБ: хисорот ҳоло номаълум аст
Навори сели харобиовар дар деҳаи Шуҷанди ВМКБ: хисорот ҳоло номаълум аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон имрӯз сел фаромад, ки масирро барои чанд муддат баст ва ҳамзамон ҳавлии сокинонро пур аз сангу лоиқа намуд 13.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-13T19:30+0500
2021-07-13T19:30+0500
2021-07-13T19:32+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вмкб
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/33/1028613323_0:0:2201:1239_1920x0_80_0_0_af1ae58fb9d75dbf667e943c60a8ae41.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Пас аз фаромадани сел дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон навору аксҳо аз ин офати табиӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтанд.Дар наворе, ки гурӯҳи Фейсбукии "Памир Крыша Мира" нашр намудааст, деҳаи аз офати табиӣ зарардида ва роҳҳои пур аз сангу лоиқа нишон дода мешавад.Дар навор ҳамчунин хонаҳое инъикос ёфтаанд, ки деворҳои онҳо аз берун нам кашиданд. Илова бар ин, чанд мошин низ зери селоба банд мондааст.Дар чанд ҷо шиддати сел ҳатто дарахтонро решакан кардааст.Бояд гуфт, ки Раёсати КҲФ дар ВМКБ то ҳол ин офати табииро шарҳ надодааст ва ҳамчунин маълум нест, ки аз сели фаромада чанд манзил хароб гардиданд ва ҳаҷми хисорот чӣ қадар аст.Дар Тоҷикистон сар задани офатҳои табиӣ, аз ҷула фаромадани сел ва ё ба вуқӯъ омадани заминларза зуд - зуд ба амал меоянд.Ҳанӯз заминҷунбии 5.9 балла, ки субҳи барвақти 10 июл Тоҷикистонро такон дод, 5 кушта бар ҷой гузошт. Дар ин офати табиӣ аз ҷумла 4 кӯдак ҷон бохтанд ва садҳо манзилҳои сокинон харобу валангор гардид.Аз ҳама беш навоҳии Рашту Тоҷикобод зиён диданд ва макони заминларза низ наздикии ноҳияи Рашт арзёбӣ мешуд.
https://sputnik.tj/20210713/rushon-sel-hona-tahrib-1040859345.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/33/1028613323_0:0:2091:1568_1920x0_80_0_0_fb83fc5fe47f9c3eb69be2bd63b33536.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, вмкб, сел
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, вмкб, сел
Навори сели харобиовар дар деҳаи Шуҷанди ВМКБ: хисорот ҳоло номаълум аст
19:30 13.07.2021 (Навсозишуда: 19:32 13.07.2021) Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон имрӯз сел фаромад, ки масирро барои чанд муддат баст ва ҳамзамон ҳавлии сокинонро пур аз сангу лоиқа намуд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Пас аз фаромадани сел дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон навору аксҳо аз ин офати табиӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтанд.
Дар наворе, ки гурӯҳи Фейсбукии "Памир Крыша Мира" нашр намудааст, деҳаи аз офати табиӣ зарардида ва роҳҳои пур аз сангу лоиқа нишон дода мешавад.
Дар навор ҳамчунин хонаҳое инъикос ёфтаанд, ки деворҳои онҳо аз берун нам кашиданд. Илова бар ин, чанд мошин низ зери селоба банд мондааст.
Дар чанд ҷо шиддати сел ҳатто дарахтонро решакан кардааст.
Бояд гуфт, ки Раёсати КҲФ дар ВМКБ то ҳол ин офати табииро шарҳ надодааст ва ҳамчунин маълум нест, ки аз сели фаромада чанд манзил хароб гардиданд ва ҳаҷми хисорот чӣ қадар аст.
Дар Тоҷикистон сар задани офатҳои табиӣ, аз ҷула фаромадани сел ва ё ба вуқӯъ омадани заминларза зуд - зуд ба амал меоянд.
Ҳанӯз заминҷунбии 5.9 балла, ки субҳи барвақти 10 июл Тоҷикистонро такон дод, 5 кушта бар ҷой гузошт. Дар ин офати табиӣ аз ҷумла 4 кӯдак ҷон бохтанд ва садҳо манзилҳои сокинон харобу валангор гардид.
Аз ҳама беш навоҳии Рашту Тоҷикобод зиён диданд ва макони заминларза низ наздикии ноҳияи Рашт арзёбӣ мешуд.