Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Таъйиноти кадрӣ: Боқизода муовини раиси Хуҷанд шуд

© Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд
 Бахтиёр Боқизода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Бахтиёр Боқизода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд таъйин гардид. Бо рафтани Шарифзода Асрор, ин мақоми мансабӣ дар ҳукумати Хуҷанд чанд вақт ба ин тараф холӣ буд
ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Дар бораи ин таъйиноти кадрӣ, аз дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд. Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти ҳукумати Хуҷанд гуфт, зуҳри имрӯз Фирдавс Шарифзода, бо баргузории як ҷаласа муовини нави худро муаррифӣ кардааст.
“Бахтиёр Боқизода муовини раиси шаҳр, минбаъд кори шуъбаи иқтисод ва савдо, бахши саноат ва энергетика, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи муҳоҷират, нозироти андоз, раёсати молия, раёсати омор, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Тоҷиксуғурта дар шаҳр ва Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷандро пеш мебарад”, - гуфт Юсуфзод.
Генерал Нурилло Орифзода (Справа) и генерал Искандарзода Мухаммадшох (слева) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Барканорию мақоми нави генерал Орифзода, ки ба ҷои Шоҳ Искандар таъйин шуда буд - акс
Бино ба иттилоъи манбаъ таъйини Боқизода бо ин мақоми вазифавӣ бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди раиси вилояти Суғд сурат гирифта, дар ин бора ҳамчунин қарори Раҷаббой Аҳмадзода ба тасвиб расидааст.
Бахтиёр Боқизода, соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудаааст. Ӯ соҳиби се маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва идоракунии давлатӣ будааст.
Ӯ фаъолияти меҳнатиашро ба сифати ҳуқуқшиноси Донишгоҳи муосири гунаманитарии Русия ва Тоҷикистон (РОСНОУ) оғоз бахшидааст.
Сипас дар вазифаҳои ҳуқуқшиноси Фонди умумирусиявии маорифи шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшиноси маркази илмӣ-таҳсилотии шаҳри Хуҷанд, директори иҷроияи “Тоҷикгазавтосервис”-и шаҳр, сармутахасиси Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сардори Раёсати иҷозатномадиҳии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор кардааст
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Ӯ директори генералии корхонаи истеҳсолӣ-саноатии зарфҳои пластикии шаҳри Хуҷанд низ буд.
То таъин шудан ба ин мансаби нав Боқизода сардори филиали КВД суғуртавии “Тоҷиксармоягузор”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор мекард.
Лентаи хабарҳо
0