Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои Вазорати корҳои дохилиро ҷо ба ҷо кард
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Бино бар иттилои манбаъ, мутобиқи модда 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" президент дар сохтори марказии Вазорати корҳои дохилӣ, шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат ва роҳбарони намояндагиҳои вазорати мазкур дар назди баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тағироти кадрӣ намуданд.
"Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъингардида дастур доданд, ки дар ҷаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда ва оинномаҳои хизматӣ фаъолият намуда, бар зидди ҳамагуна ҷиноят ва қонуншиканӣ мубориза баранд", - менависад манбаъ.
Президент таъкид кардааст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ донистани забони хориҷӣ ва истифодаи технологияи муосир муваффақияти ҳар як роҳбар ба ҳисоб меравад.
Дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз содиршавии ҳамагуна ҷиноят ва боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат аз дигар манфиатҳо аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буданд.
Лентаи хабарҳо
0