Барканорию мақоми нави генерал Орифзода, ки ба ҷои Шоҳ Искандар таъйин шуда буд - акс

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанГенерал Нурилло Орифзода (Справа) и генерал Искандарзода Мухаммадшох (слева)
Генерал Нурилло Орифзода (Справа) и генерал Искандарзода Мухаммадшох (слева) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мувофиқа бо раисиҷумҳур, генерал Нурулло Орифзодаро аз мақоми сардори ШВКД 1-и шаҳри Исфара барканор кард
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Генерал Нурулло Орифзода, ки аввали соли 2020 дар мақоми сардори шуъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара генерал Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, маъруф бо Шоҳ Искандарро иваз карда буд, мақоми нав гирифт.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, генерал Орифзода ба мақоми сардори идораи милиса дар шаҳри Бохтар таъйин гардид.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Орифзода аз генералҳои шинохтаи Тоҷикистон мебошад, ки қаблан дар мақоми муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон кор мекард.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Нурулло Орифзода, ки феълан рубтаи генерал – майори милитсия дорад, фаъолияташро дар мақомоти умури дохилӣ соли 1989 ба ҳайси милисаи қатории хадамоти “Муҳофиза” оғоз кардааст. Ӯ баъдан дар мақомҳои гуногун, аз ҷумла сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ ва ноиби вазири умури дохилӣ кор карда, аз аввали соли 2020 то ҳол сардори шуъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара буд.
© котиботи ВКД ТоҷикистонГенерал Нурилло Орифзода
Генерал Нурилло Орифзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Генерал Нурилло Орифзода
Генерал Искандарзода, ё худ Шоҳ Искандар, собиқ фармондеҳи мухолифин, ки пеш аз Орифзода сардори милиса дар Исфара буд, аз авали соли 2020 то ҳол дар мақоми сардори ШКВД шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) кор мекунад.
Лентаи хабарҳо
0