https://sputnik.tj/20210713/nigaron-vazi-afghoniston-rahmon-guterrish-1040871331.html
Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон: Раҳмон Гутерришро ба Душанбе даъват кард
Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон: Раҳмон Гутерришро ба Душанбе даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дабири кулли СММ-ро ба Душанбе даъват кард 13.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-13T23:03+0500
2021-07-13T23:03+0500
2021-07-13T23:03+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
смм
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102509/14/1025091438_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_2ec3c5692abed1620aba867adcc12b09.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо дабири кулли СММ Антонио Гутерриш сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти сӯҳбат ҳамчунин масъалаи вазъи Афғонистон баррасӣ гардидааст."Ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нигаронии худро аз шиддат гирифтани даргириҳо дар ин кишвари ба мо ҳамсоя иброз доштанд. Зимнан, муҳиммияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ қайд карда шуд", - менависад манбаъ.Эмомалӣ Раҳмон Антонио Гутерришро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мақоми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид табрик гуфтааст.Ҳамчунин президент аз саҳми Тоҷикистон дар татбиқи масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла дар соҳаи об ёдовар шуда, ба иқдомҳои охири кишварро ҷиҳати эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, инчунин таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора намудаастДабири кулли СММ зимни суханронии худ нақши пешвоӣ ва калидии Тоҷикистон ва Сарвари онро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти вобаста ба об ва масъалаҳои умдаи амниятӣ таъкид карда, дастгирии пурраи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду сохторҳои тахассусии онро аз иқдомҳои мо дар ин ҷода иброз дошт.Дар анҷом Эмомалӣ Раҳмон аз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҷашнии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овардааст.
https://sputnik.tj/20210713/vladimir-norov-tojikiston-rahmon-paziruft-1040866170.html
https://sputnik.tj/20210703/dushanbe-jalasa-vazironi--shsh-1040621684.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102509/14/1025091438_208:0:2027:1364_1920x0_80_0_0_8291ad436eeb9f3eccdcd6a9580abb0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , смм, мулоқот
дар тоҷикистон, сиёсат , смм, мулоқот
Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон: Раҳмон Гутерришро ба Душанбе даъват кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон дабири кулли СММ-ро ба Душанбе даъват кард
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо дабири кулли СММ Антонио Гутерриш сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти сӯҳбат ҳамчунин масъалаи вазъи Афғонистон баррасӣ гардидааст.
"Ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нигаронии худро аз шиддат гирифтани даргириҳо дар ин кишвари ба мо ҳамсоя иброз доштанд. Зимнан, муҳиммияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ қайд карда шуд", - менависад манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон Антонио Гутерришро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мақоми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид табрик гуфтааст.
Ҳамчунин президент аз саҳми Тоҷикистон дар татбиқи масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла дар соҳаи об ёдовар шуда, ба иқдомҳои охири кишварро ҷиҳати эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, инчунин таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора намудааст
Дабири кулли СММ зимни суханронии худ нақши пешвоӣ ва калидии Тоҷикистон ва Сарвари онро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти вобаста ба об ва масъалаҳои умдаи амниятӣ таъкид карда, дастгирии пурраи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду сохторҳои тахассусии онро аз иқдомҳои мо дар ин ҷода иброз дошт.
Дар анҷом Эмомалӣ Раҳмон аз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҷашнии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овардааст.