Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ баргузор мегардад

© Sputnik / Ольга БалашоваФлаги стран-участников ШОС. Архивное фото
Флаги стран-участников ШОС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Обуна шудан
Масъалаҳои фаъолияти кунунии Созмон, аз ҷумла омодагии ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳоро (ШСД) баррасӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ баргузор мегардад, гузориш медиҳад ВКХ Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, 3-14 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад.
Дар робита ба ин Вазорат аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати иштирок дар пӯшиши иттилоотии чорабинии мазкур худро то соати 16:00-и 7 июл дар Раёсати иттилоот ва матбуот сабти ном кунанд.
Экономическом форуме Шанхайской Организации Сотрудничества  в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Тоҷикистон тасмим дорад ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро бо СҲШ тақвият диҳад
Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (ШВКХ) масъалаҳои фаъолияти кунунии Созмон, аз ҷумла омодагии ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳоро (ШСД) баррасӣ ва ҳал мекунад,.
Ҳамчунин барои иҷрои қарорҳои Созмон ва баргузории машваратҳо дар доираи СҲШ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ чораҳо меандешад.
Раёсатро дар Шӯро вазири корҳои хориҷии давлати узв, ки дар он ҷаласаи навбатии ШСД баргузор мегардад, бар дӯш мегирад.
Тибқи Низомнома дар бораи тартиби кори Шӯро, Раиси ШВКХ зимни анҷом додани тамосҳои беруна Созмонро намояндагӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0