Владимир Норов ба Тоҷикистон омад: Раҳмон ӯро дар Қасри миллат пазируфт

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов ба Тоҷикистон омад роҳбари давлат ӯро дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Душанбе мизбони ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай аст ва имрӯз, 13 июл Дабири кулли ин созмон вориди Тоҷикистон шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон, Владимир норовро дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот рӯзномаи кори ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳаниф Атмар сарпараст ё иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Вазири умури хориҷаи Афғонистон ба Тоҷикистон меояд
Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси амалкунанда дар Созмон вазифаҳои худро мутобиқи афзалиятҳои зикршуда пайваста иҷро мекунад.
Манбаъ меафзояд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳои аъзои Созмон оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, пурзур кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир – терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромилӣ муҳокима карда шуд.
Таъкид гардид, ки Созмони ҳамкории Шанхайро лозим аст, ки дар самти амният бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва сохторҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории амалӣ барқарор намояд.
Лентаи хабарҳо
0