https://sputnik.tj/20210713/khf-manzilho-harobgashta-zaminjunbi-1040850871.html
КҲФ шумораи умумии манзилҳои харобгашта аз заминҷунбиро эълон кард
КҲФ шумораи умумии манзилҳои харобгашта аз заминҷунбиро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Танҳо дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод 123 хона зарар диданд, ки қисмати зиёди онҳо комилан харобу валангор шуданд
2021-07-13T13:00+0500
2021-07-13T13:00+0500
2021-07-13T13:16+0500
заминларза дар тоҷикистон
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
заминҷунбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040848055_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_562e40754d08b0d329d9abc43115c32f.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Аз заминҷунбии ахир дар Тоҷикистон дасти кам 8 деҳаи ноҳияи Тоҷикобод зарари ҷиддӣ диданд.Илова бар ин, 5 қурбоние, ки ин офати табиӣ дар пай дошт, низ сокинони Тоҷикобод буданд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, аз заминҷунбӣ манзилҳои сокинони деҳаҳои Саричашма, Бӯстон, Кӯли Боло, Сумандара, Лангари Шоҳ, Мазори Боло, Мазори Поён ва Анвари Қаландар баъзе қисман ва аксар ба пуррагӣ хароб гардиданд.Манбаъ меафзояд, барои шинос шудан бо вазъият ва ҳамчунин бартараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ, роҳбарони КҲФ, Агентии захираҳои давлатии моддӣ, Кумитаи сохтмону меъморӣ, Саридораи геология ва Сейсмологияи Академияи улуми Тоҷикистон аз ҷойи ҳодиса дидан намуданд.Ҳоло Ситоди ҷумҳуриявӣ барои бартараф намудани паёмадҳои заминларзаи мудҳиш созмон дода шудааст.Ба маълумоти КҲФ, дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод дасти кам 123 хона аз заминҷунбии 5.9 балла хисорот диданд.Илова бар ин, дар деҳаҳои Саричашма ва Бӯстон 137 хона зарар диданд, ки аз ин шумора 21 хона пурра ва 56 хона қисман вайрон шуданд.Дар навоҳии Рашт бошад офати табиӣ 146 манзили сокинонро вайрон намуд.Дар ҳамин ҳол, манбаъ меафзояд, сокинони зарардида феълан бо маводи ғизоӣ ва ниқобу антисептикҳо таъмин гардидаанд.Ёдовар мешавем, заминҷунбии 5.9 балла рӯзи 10 июн Тоҷикистонро такон дод ва макони он наздикии ноҳияи Рашт арзёбӣ шуд. Бар асари ин офати табиӣ дасти кам 5 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон аз даст доданд. Бояд гуфт, ки аз 10 июн ба ин сӯ ларзиши замин қариб ҳамарӯза эҳсос мешавад ва имрӯз, 13 июн низ ноҳияи Раштро заминларзаи 4 балла такон дод.
https://sputnik.tj/20210713/zaminlarza-takon-zamin-rasht-1040847479.html
https://sputnik.tj/20210710/navor-nola-zan-farzand-zaminjunbi-1040794718.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040848055_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_f7b00eefc4855e046a76ab971e0f7be5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф заминҷунбӣ тоҷикистон
кҳф заминҷунбӣ тоҷикистон
КҲФ шумораи умумии манзилҳои харобгашта аз заминҷунбиро эълон кард
13:00 13.07.2021 (Навсозишуда: 13:16 13.07.2021) Танҳо дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод 123 хона зарар диданд, ки қисмати зиёди онҳо комилан харобу валангор шуданд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Аз заминҷунбии ахир дар Тоҷикистон дасти кам 8 деҳаи ноҳияи Тоҷикобод зарари ҷиддӣ диданд.
Илова бар ин, 5 қурбоние, ки ин офати табиӣ дар пай дошт, низ сокинони Тоҷикобод буданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, аз заминҷунбӣ манзилҳои сокинони деҳаҳои Саричашма, Бӯстон, Кӯли Боло, Сумандара, Лангари Шоҳ, Мазори Боло, Мазори Поён ва Анвари Қаландар баъзе қисман ва аксар ба пуррагӣ хароб гардиданд.
Манбаъ меафзояд, барои шинос шудан бо вазъият ва ҳамчунин бартараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ, роҳбарони КҲФ, Агентии захираҳои давлатии моддӣ, Кумитаи сохтмону меъморӣ, Саридораи геология ва Сейсмологияи Академияи улуми Тоҷикистон аз ҷойи ҳодиса дидан намуданд.
Ҳоло Ситоди ҷумҳуриявӣ барои бартараф намудани паёмадҳои заминларзаи мудҳиш созмон дода шудааст.
Ба маълумоти КҲФ, дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод дасти кам 123 хона аз заминҷунбии 5.9 балла хисорот диданд.
Илова бар ин, дар деҳаҳои Саричашма ва Бӯстон 137 хона зарар диданд, ки аз ин шумора 21 хона пурра ва 56 хона қисман вайрон шуданд.
Дар навоҳии Рашт бошад офати табиӣ 146 манзили сокинонро вайрон намуд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ меафзояд, сокинони зарардида феълан бо маводи ғизоӣ ва ниқобу антисептикҳо таъмин гардидаанд.
Ёдовар мешавем, заминҷунбии 5.9 балла рӯзи 10 июн Тоҷикистонро такон дод ва макони он наздикии ноҳияи Рашт арзёбӣ шуд. Бар асари ин офати табиӣ дасти кам 5 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон аз даст доданд.
Бояд гуфт, ки аз 10 июн ба ин сӯ ларзиши замин қариб ҳамарӯза эҳсос мешавад ва имрӯз, 13 июн низ ноҳияи Раштро заминларзаи 4 балла такон дод.