https://sputnik.tj/20210713/zaminlarza-takon-zamin-rasht-1040847479.html
Рӯзе бидуни заминларза нест: такони дигарбораи замин дар Рашт
Рӯзе бидуни заминларза нест: такони дигарбораи замин дар Рашт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон боз як заминларза рух дод, ки онро пойгоҳҳои зилзиласанҷии байналмилалӣ сабт кардаанд
2021-07-13T11:39+0500
2021-07-13T11:39+0500
2021-07-13T12:25+0500
дар тоҷикистон
рашт
заминҷунбӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0b/1040797565_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_6e325b03c180b5bc702e3256cf0b01e5.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Субҳи барвақт дар Тоҷикистон дар минтақаи Рашт заминларзаи дигар рух дод, хабар медиҳад Маркази сейсмологии Аврупо - Баҳри Миёназамин. Ларзиши замин соати 06:08 ба вақти маҳаллӣ сабт карда шудааст. Гуфта мешавад Заминларза 4 балл буда, дар умқи тақрибан 5 километр рух додааст.Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон низ заминҷунбии Тоҷикистонро сабт кардааст.Қайд карда мешавад, ки маркази зилзила дар масофаи 163 километрии ҷануби Қӯқанди Ӯзбекистон ҷойгир буд, аммо қувваи заминларза дар қаламрави давлати ҳамсоя эҳсос карда нашудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ин бора то ҳол шарҳе надодааст. Дар бораи талафот ва оқибатҳои он низ гузориш дода нашудааст. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон заминларзаи мудҳиш рух дод, панҷ нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдак ҷон бохтанд ва даҳҳо хонаи хусусӣ осеб диданд.Маврид ба зикр аст, ки 10-уми июл дар 165 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 километраи шарқи ноҳияи Рашт, заминларза рух дод, ки қувваи он дар марказаш 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.Комиссияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодда расман иттилоъ дод, ки бар асари ин заминларза 5 нафар сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, 16 нафар маҷруҳ шуда, феълан дар беморхонаанд.
https://sputnik.tj/20210712/takon-rasht-basomad-zaminjunbi-ziyod-shudan-1040822696.html
https://sputnik.tj/20210712/robiya-turoni-tedodi-favtida-majruhon-harobgardida-1040814192.html
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0b/1040797565_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d2b1ebe04d4e567932362ea68ea90c82.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
заминларза, тоҷикистон, рашт,
заминларза, тоҷикистон, рашт,
Рӯзе бидуни заминларза нест: такони дигарбораи замин дар Рашт
11:39 13.07.2021 (Навсозишуда: 12:25 13.07.2021) Дар Тоҷикистон боз як заминларза рух дод, ки онро пойгоҳҳои зилзиласанҷии байналмилалӣ сабт кардаанд
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Субҳи барвақт дар Тоҷикистон дар минтақаи Рашт заминларзаи дигар рух дод,
хабар медиҳад Маркази сейсмологии Аврупо - Баҳри Миёназамин.
Ларзиши замин соати 06:08 ба вақти маҳаллӣ сабт карда шудааст.
Гуфта мешавад Заминларза 4 балл буда, дар умқи тақрибан 5 километр рух додааст.
Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон низ заминҷунбии Тоҷикистонро сабт кардааст.
Қайд карда мешавад, ки маркази зилзила дар масофаи 163 километрии ҷануби Қӯқанди Ӯзбекистон ҷойгир буд, аммо қувваи заминларза дар қаламрави давлати ҳамсоя эҳсос карда нашудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ин бора то ҳол шарҳе надодааст. Дар бораи талафот ва оқибатҳои он низ гузориш дода нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон заминларзаи мудҳиш рух дод, панҷ нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдак ҷон бохтанд ва даҳҳо хонаи хусусӣ осеб диданд.
Маврид ба зикр аст, ки 10-уми июл дар 165 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 километраи шарқи ноҳияи Рашт, заминларза рух дод, ки қувваи он дар марказаш 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.
Комиссияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодда расман иттилоъ дод, ки бар асари ин заминларза 5 нафар сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, 16 нафар маҷруҳ шуда, феълан дар беморхонаанд.