"Вой ҷигарам сӯхт": навори нолаи як зан, ки фарзандашро дар заминҷунбӣ аз даст дод

© Sputnik Женщина плачет, архивное фото
Женщина плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Обуна шудан
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар заминҷунбии субҳи 10 июл, 5 нафар қурбон шуданд. Аз ҷумла чор кӯдак ҷон бохтанд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Сокинони Тоҷикобод имрӯз мотамзада шуданд. Дар ин ноҳия дасти кам 5 нафар бар асари заминҷунбии 5.9 балла, ҷон аз даст доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар ин офати табиӣ 4 кӯдак ба ҳалокат расиданд.
Зимнан, ба шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёд аз манзилҳои фурӯрафтаю масирҳои хароби пур аз сангу хок, роҳ меёбад.
Вале, навор аз лаҳзаи нолиши ҷонсӯзи як зан, ки фарзандашро бар асари заминҷунбӣ аз даст дод, касро дилреш мекунад.
Дар навор хонаҳои фурӯрафта нишон дода мешавад. Ҳамчунин дар ин навор чанд нафар мардҳо гирд омаданд ва дар бораи офати табиӣ, ки бисёри мардуми ноҳияи Тоҷикобод ва Раштро бидуни хонаву дар гузошт, суҳбат мекунанд.
Дар як тарафи дигар назди манзили харобгашта чанд нафар занон болои тобут гирд омада, доду фиғон мекунанд.
Садои ҷонсӯзи зане, ба гӯш мерасад, ки мегӯяд "Вой ҷигарам сӯхт". Эҳтимол ин зани ҷигарсӯхта модарест, ки дар ин заминҷунбӣ фарзандашро аз даст дод.
Жительница таджикского кишлака, оставшаяся без крова в результате землетрясения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Ду заминҷунбии субҳи 10 июл, ки даҳҳо ҳазор тоҷикистониро куштанд: ёди қурбониён
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз Тоҷикистонро заминҷунбии шадид такон дод. Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он, ки наздикиҳои Рашт гуфта мешуд, ба 5.9 дараҷаи Рихтер расид.
Дар натиҷа чандин хонаҳо фурӯ рафтанду роҳи мошингард то як муддат баста шуд.
Вале таассуфовар он аст, ки бар асари ин офати табиӣ 5 нафар ҷон бохтанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, миёни ҳалокшудагон 4 кӯдак қарор доштанд.
Лентаи хабарҳо
0