https://sputnik.tj/20210712/darguzasht-olimi-tojik-khujand-bemoriston-koronavirus-1040842329.html
Даргузашти олими иқтисодшинос дар Хуҷанд: дар бемористон аз коронавирус табобат мегирифт
Даргузашти олими иқтисодшинос дар Хуҷанд: дар бемористон аз коронавирус табобат мегирифт
Sputnik Тоҷикистон
Абдуқаҳҳор Абдуғаффоров, профессори Донишкаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар Хуҷанд бар асари бемории коронавирус дар сини 68 солагӣ аз олам даргузашт
2021-07-12T20:28+0500
2021-07-12T20:28+0500
2021-07-12T20:47+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
даргузашт
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1039004980_0:181:3000:1869_1920x0_80_0_0_a586ab6898c914076b25657d652e445e.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Яке аз ҳамкорони ин олими марҳуми тоҷик дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдуғаффоров ду ҳафта ба ин тараф дар Бемористони касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд дар набард бо “вируси корона” қарор дошт, вале дирӯз ҷон ба Ҳақ таслим кард.Абдуғаффоров аз олимони варзидаи соҳаи иқтисодиёт гуфта мешуд. Абдуқаҳҳор Абдуғаффоров 12 феврали соли 1953 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ соли 1970 мактаби миёнаи № 11 – и шаҳри Хуҷандро хатм намуда, ба факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳозира Донишгоҳи милли Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1975 хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро Абдуғафоров пас аз хатми Донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, аз моҳи ноябри соли 1976 то декабри соли 1980 ҳамчун тадқиқодчӣ, баъдан ба ҳайси аспиранти кафедраи иқтисоди сиёсии факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов таҳсил намуда, соли 1982 дар ин донишгоҳи шаҳри Маскав рисолаи номзадиашро дифо намудааст. Ҳамкоронаш аз Абдуғаффоров ба унвони як олими варзидаи соҳаи иқтисодиёт ёд мекунанд. Марҳум аз соли 1981 то соли 1991 дар вазифаҳои муаллими калон ва дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти илми – педогогӣ намудааст. Абдуғафоров Абдуқаҳор аз соли 1998 то 2010 дар вазифаи директори Шуъбаи Хуҷандии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ адои вазифа намудааст. Баъдан давоми ҳафт сол дар вазифаи мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров фаъолияташро идома додааст. Абдуғафоров аз 1 октябри соли 2017 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Барои меҳнати пурмаҳсул бо унвони Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Коллективи меҳнатии ҳайати профессорону омўзгорон ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз марги бармаҳали ин олими бомасъулу некрой ба фарзандон ва пайвандонаш изҳори амиқи ҳамдардӣ баён кардаанд.Ёдрас мешавем, танҳо имрӯз ин севуми гузориш аст, ки дар бораи фавт аз коронавирус хабар дода мешавад.Пештар ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов, собиқ наттоқи теелевизион Мунаввара Усмонова низ дар пайи ин вабои аср даргузашта буданд.
https://sputnik.tj/20210712/sobiq-nattoq-barnoma-ahbor-koronavirus-jon-boht-1040838745.html
https://sputnik.tj/20210712/darguzasht-sherali-abdulqays-koronavirus-1040818252.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1039004980_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_0dacb62e44d3b8edae11c1a142ae7ae1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олим коронавирус
Даргузашти олими иқтисодшинос дар Хуҷанд: дар бемористон аз коронавирус табобат мегирифт
20:28 12.07.2021 (Навсозишуда: 20:47 12.07.2021) Абдуқаҳҳор Абдуғаффоров, профессори Донишкаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар Хуҷанд бар асари бемории коронавирус дар сини 68 солагӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Яке аз ҳамкорони ин олими марҳуми тоҷик дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдуғаффоров ду ҳафта ба ин тараф дар Бемористони касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд дар набард бо “вируси корона” қарор дошт, вале дирӯз ҷон ба Ҳақ таслим кард.
“Охирҳои моҳи июн бо нишонаҳои бемории коронавирус бистарӣ шуда буданд, вале дар мубориза бо ин маризӣ тоб оварда натавониста, нимарӯзии дирӯз бандагӣ карданд ва бегоҳ ба хок супурда шуданд”, - гуфт манбаъ.
Абдуғаффоров аз олимони варзидаи соҳаи иқтисодиёт гуфта мешуд. Абдуқаҳҳор Абдуғаффоров 12 феврали соли 1953 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ соли 1970 мактаби миёнаи № 11 – и шаҳри Хуҷандро хатм намуда, ба факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳозира Донишгоҳи милли Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1975 хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатии худро Абдуғафоров пас аз хатми Донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, аз моҳи ноябри соли 1976 то декабри соли 1980 ҳамчун тадқиқодчӣ, баъдан ба ҳайси аспиранти кафедраи иқтисоди сиёсии факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов таҳсил намуда, соли 1982 дар ин донишгоҳи шаҳри Маскав рисолаи номзадиашро дифо намудааст.
Ҳамкоронаш аз Абдуғаффоров ба унвони як олими варзидаи соҳаи иқтисодиёт ёд мекунанд. Марҳум аз соли 1981 то соли 1991 дар вазифаҳои муаллими калон ва дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти илми – педогогӣ намудааст.
Абдуғафоров Абдуқаҳор аз соли 1998 то 2010 дар вазифаи директори Шуъбаи Хуҷандии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ адои вазифа намудааст.
Баъдан давоми ҳафт сол дар вазифаи мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров фаъолияташро идома додааст. Абдуғафоров аз 1 октябри соли 2017 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Барои меҳнати пурмаҳсул бо унвони Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Коллективи меҳнатии ҳайати профессорону омўзгорон ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз марги бармаҳали ин олими бомасъулу некрой ба фарзандон ва пайвандонаш изҳори амиқи ҳамдардӣ баён кардаанд.
Ёдрас мешавем, танҳо имрӯз ин севуми гузориш аст, ки дар бораи фавт аз коронавирус хабар дода мешавад.
Пештар ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов, собиқ наттоқи теелевизион Мунаввара Усмонова низ дар пайи ин вабои аср даргузашта буданд.