https://sputnik.tj/20210712/sobiq-nattoq-barnoma-ahbor-koronavirus-jon-boht-1040838745.html
Собиқ наттоқи барномаи "Ахбор" аз коронавирус ҷон бохт: дар "Якум Советский" бистарӣ буд
Собиқ наттоқи барномаи "Ахбор" аз коронавирус ҷон бохт: дар "Якум Советский" бистарӣ буд
Sputnik Тоҷикистон
Наттоқи варзидаи Телевизиони Тоҷикистон Мунаввара Усмонова ҳам қурбони коронавирус шуд
2021-07-12T19:15+0500
2021-07-12T19:15+0500
2021-08-10T17:02+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
даргузашт
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_a87040d9ad4dbbee9a1d7a6609b3d152.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз як зани маъруф, ки солҳои зиёд тоҷикистониён симои ӯро аз телевизион тамошо мекарданд ва мардумро бо муҳимтарин хабару гузоришҳо шинос мекард, ҷон ба Ҳақ супорид.Ин зан, Мунаввара Усмонова аст ва ӯ низ қурбони бемории коронавирус гардид.Хабари даргузашти Усмоноваро, рӯзноманигор Шаҳло Наҷмиддинова аз қавли Малоҳат Дӯстматова дар сафҳаи Facebook -ии худ нашр намудааст.Мунаввара Усмонова 71 сол дошта, тақрибан ду ҳафта қабл дар бемористони "Якум Советский" бо нишонаҳои бемории коронавирус бистарӣ буд.Аммо пизишкон натавонистанд ҷони Усмоноваро наҷот диҳанд ва ӯ рӯзи 12 июн ҷон ба Ҷонофарин супорид.Ёдовар мешавем, ки имрӯз Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Шералӣ Абдулқайсов низ дар синни 70 - солагӣ даргузашт.Иллати марги ин ҳунарманди хушном ҳам бемории коронавирус гуфта мешавад. Абдулқайсов чанд рӯз боз дар Бемористони Қарияи Боло бистарӣ буд ва пас аз вазнин шудани аҳволаш ӯро ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол доданд. Имрӯз бошад, Абдулқайсов даргузашт.
https://sputnik.tj/20210712/darguzasht-sherali-abdulqays-koronavirus-1040818252.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_143:0:1920:1333_1920x0_80_0_0_d8d95b3c0d34d94f58fbba70f5b2cf79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон коронавирус
Собиқ наттоқи барномаи "Ахбор" аз коронавирус ҷон бохт: дар "Якум Советский" бистарӣ буд
19:15 12.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Наттоқи варзидаи Телевизиони Тоҷикистон, Мунаввара Усмонова ҳам қурбони коронавирус шуд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз як зани маъруф, ки солҳои зиёд тоҷикистониён симои ӯро аз телевизион тамошо мекарданд ва мардумро бо муҳимтарин хабару гузоришҳо шинос мекард, ҷон ба Ҳақ супорид.
Ин зан, Мунаввара Усмонова аст ва ӯ низ қурбони бемории коронавирус гардид.
Хабари даргузашти Усмоноваро, рӯзноманигор Шаҳло Наҷмиддинова аз қавли Малоҳат Дӯстматова дар сафҳаи Facebook -ии худ нашр намудааст.
"Дар қатори ин шабурӯз рафтагон, наттоқи варзидаи Телевизиони Тоҷикистон, тарҷумон ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ Мунаввара Усмонова ҳам аз бемории ковид бандагӣ кард", - навиштааст, Малоҳат Дустматова ва Наҷмиддинова ин навиштаро бознашр намудааст.
Мунаввара Усмонова 71 сол дошта, тақрибан ду ҳафта қабл дар бемористони "Якум Советский" бо нишонаҳои бемории коронавирус бистарӣ буд.
Аммо пизишкон натавонистанд ҷони Усмоноваро наҷот диҳанд ва ӯ рӯзи 12 июн ҷон ба Ҷонофарин супорид.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Шералӣ Абдулқайсов низ дар синни 70 - солагӣ даргузашт.
Иллати марги ин ҳунарманди хушном ҳам бемории коронавирус гуфта мешавад. Абдулқайсов чанд рӯз боз дар Бемористони Қарияи Боло бистарӣ буд ва пас аз вазнин шудани аҳволаш ӯро ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол доданд. Имрӯз бошад, Абдулқайсов даргузашт.