https://sputnik.tj/20210712/darguzasht-sherali-abdulqays-koronavirus-1040818252.html
Даргузашти Шералӣ Абдулқайсов: дар Қарияи Боло бистарӣ буд
Даргузашти Шералӣ Абдулқайсов: дар Қарияи Боло бистарӣ буд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарманди шинохтаи тоҷик, Шералӣ Абдулқайсов пас аз чанд рӯзи мубориза бо бемории коронавирус ҷон ба Ҳақ таслим кард 12.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-12T11:57+0500
2021-07-12T11:57+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
даргузашт
ҳунарманд
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0c/1040818467_0:72:1001:635_1920x0_80_0_0_051d7ad80350fada63673b5888274df2.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ҳунарманди маъруфи Тоҷикистон, Шералӣ Абдулқайсов даргузашт. Ин марди ҳунар моҳи гузашта 70 - сола шуд ва ба ин муносибат як маҳфили хоса бо ҳампешагону дӯстони худ қайд намуда буд.Манобеи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, Шералӣ Абдулқайсов чанд вақт боз дар Бемористони Қарияи Боло бо нишонаҳои бемории ҳамагири коронавирус бистарӣ буд.Ба эҳтимоли зиёд ҳунарманди номӣ маҳз аз ин беморӣ даргузашт. Ӯ Чанд рӯз боз дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дошт ва ахиран рӯзи 12 июл дар бемористон ҷон аз даст дод.Феълан маълум нест, ки маросими дафни ин ҳунарманди мардумӣ дар куҷо ва кай баргузор мешавад.Шералӣ Абдулқайсов зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ мебошад, вале маъмулан ҳунармандони саршинос дар Лучоб манзили охирати худро дарёб мекунанд.Шералӣ Абдулқайсов моҳи апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1973 бахши санъат ва актёрии Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм намуда, ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ба кор даромад ва то охири умр дар ин театр фаълолият мекард.
https://sputnik.tj/20210712/favt-hamsar-darguzasht-polkovnik-turyaev-ganihon-1040815381.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0c/1040818467_0:0:1001:751_1920x0_80_0_0_bb03e711aff4a97b8485a2f31b551461.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, даргузашт, ҳунарманд, коронавирус
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, даргузашт, ҳунарманд, коронавирус
Даргузашти Шералӣ Абдулқайсов: дар Қарияи Боло бистарӣ буд
11:57 12.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Ҳунарманди шинохтаи тоҷик, Шералӣ Абдулқайсов пас аз чанд рӯзи мубориза бо бемории коронавирус ҷон ба Ҳақ таслим кард
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ҳунарманди маъруфи Тоҷикистон, Шералӣ Абдулқайсов даргузашт. Ин марди ҳунар моҳи гузашта 70 - сола шуд ва ба ин муносибат як маҳфили хоса бо ҳампешагону дӯстони худ қайд намуда буд.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, Шералӣ Абдулқайсов чанд вақт боз дар Бемористони Қарияи Боло бо нишонаҳои бемории ҳамагири коронавирус бистарӣ буд.
Ба эҳтимоли зиёд ҳунарманди номӣ маҳз аз ин беморӣ даргузашт. Ӯ Чанд рӯз боз дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дошт ва ахиран рӯзи 12 июл дар бемористон ҷон аз даст дод.
Феълан маълум нест, ки маросими дафни ин ҳунарманди мардумӣ дар куҷо ва кай баргузор мешавад.
Шералӣ Абдулқайсов зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ мебошад, вале маъмулан ҳунармандони саршинос дар Лучоб манзили охирати худро дарёб мекунанд.
Шералӣ Абдулқайсов моҳи апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1973 бахши санъат ва актёрии Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм намуда, ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ба кор даромад ва то охири умр дар ин театр фаълолият мекард.