https://sputnik.tj/20210709/bonkhoi-turkiya-voridi-bozori-tojikiston-meshavand-1040784587.html
Бонкҳои Туркия вориди бозори Тоҷикистон мешаванд
Бонкҳои Туркия вориди бозори Тоҷикистон мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сафири Туркия даъват кардааст, ки филиалҳои бонкҳои Туркия дар Тоҷикистон боз шаванд
2021-07-09T20:20+0500
2021-07-09T20:20+0500
2021-07-21T18:52+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
туркия
бонк
ворид
бозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040784123_0:0:800:451_1920x0_80_0_0_f983ce38f8271f0d07253039ed87d2ab.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ахиран Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқот бо Эмре Зекӣ Карагёл, сафири Туркия ва мушовири тиҷоратии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ҳамкории бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии ду кишвар тақвият дода шавад.“Таҳия ва ба имзо расонидани Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии ду кишвар, кушодани филиалҳои бонкҳои Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табодули таҷриба намудани кормандони бонкҳои марказӣ метавонад идомаи ҳамкориҳои пурмаҳсули ду кишвар бошад”, - қайд кард раиси Бонки миллӣ.Дар навбати худ сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл низ имзои Протоколи ҳамкорӣ, кушодани филиали бонкҳои Туркия дар Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, зикр кардааст, ки иқдоми мазкур метавонад барои рушди бештари равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мусоидат намояд.Тарафҳо барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар самти рушди низоми бонкии ду кишвар ва таҳияи лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Туркия изҳори омодагии хешро баён намуданд.Манбаъ таъкид доштааст, ки дар рафти мулоқот инчунин, масъалаҳои тавсеаи шабакаи муносибатҳои корреспондентӣ миёни ташкилотҳои қарзии кишварҳо, бо асъори хориҷӣ кушодани суратҳисобҳои корреспондентии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар бонкҳои Туркия, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши содирот ва воридоти молу ашё байни ду кишвар муҳокима гардиданд.Ҳамзамон зимни мулоқот, инчунин вазъи мураккаби эпидемиологӣ дар ҷаҳон, таъсири пандемия ба бахши иқтисодиёти кишварҳо ва роҳҳои бартараф намудани паёмадҳои он муҳокима карда шуд.
https://sputnik.tj/20210518/tojikiston-turkiya-bozor-furush-mahsulot-1039530392.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040784123_71:0:782:533_1920x0_80_0_0_5812eac0758f501464c1be2928f8ecee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, бонкҳо, раиси бонки миллӣ, бозор
тоҷикистон, туркия, бонкҳо, раиси бонки миллӣ, бозор
Бонкҳои Туркия вориди бозори Тоҷикистон мешаванд
20:20 09.07.2021 (Навсозишуда: 18:52 21.07.2021) Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сафири Туркия даъват кардааст, ки филиалҳои бонкҳои Туркия дар Тоҷикистон боз шаванд
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ахиран Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқот бо Эмре Зекӣ Карагёл, сафири Туркия ва мушовири тиҷоратии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ҳамкории бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии ду кишвар тақвият дода шавад.
“Таҳия ва ба имзо расонидани Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии ду кишвар, кушодани филиалҳои бонкҳои Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табодули таҷриба намудани кормандони бонкҳои марказӣ метавонад идомаи ҳамкориҳои пурмаҳсули ду кишвар бошад”, - қайд кард раиси Бонки миллӣ.
Дар навбати худ сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл низ имзои Протоколи ҳамкорӣ, кушодани филиали бонкҳои Туркия дар Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, зикр кардааст, ки иқдоми мазкур метавонад барои рушди бештари равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мусоидат намояд.
Тарафҳо барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар самти рушди низоми бонкии ду кишвар ва таҳияи лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Туркия изҳори омодагии хешро баён намуданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар рафти мулоқот инчунин, масъалаҳои тавсеаи шабакаи муносибатҳои корреспондентӣ миёни ташкилотҳои қарзии кишварҳо, бо асъори хориҷӣ кушодани суратҳисобҳои корреспондентии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар бонкҳои Туркия, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши содирот ва воридоти молу ашё байни ду кишвар муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот, инчунин вазъи мураккаби эпидемиологӣ дар ҷаҳон, таъсири пандемия ба бахши иқтисодиёти кишварҳо ва роҳҳои бартараф намудани паёмадҳои он муҳокима карда шуд.