https://sputnik.tj/20210518/tojikiston-turkiya-bozor-furush-mahsulot-1039530392.html
Тоҷикистон бо Туркия бозорҳои нави фурӯши маҳсулот меҷӯяд
Тоҷикистон бо Туркия бозорҳои нави фурӯши маҳсулот меҷӯяд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе мулоқоти роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати “Çalık Holding”-и Туркия баргузор шуд
2021-05-18T18:30+0500
2021-05-18T18:30+0500
2021-05-18T18:30+0500
дар тоҷикистон
туркия
саноат
ширкат
ҳамкорӣ
тиҷорат
маҳсулот
бозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516063_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2d410597b8010e9af1eb7c563c2e8a31.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Бино бар иттилои даафтари матбуоти вазорати саноати Тоҷикистон, ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо байни корхонаҳои саноатӣ бо ширкати мазкур, роҳҳои дарёфти бозорҳои нави фурӯши маҳсулот ва мубодилаи таҷриба байни мутахассисон дар самтҳои дахлдор маҳсуб меёбанд.“Ҳамчунин, боздид ва аз наздик шиносоӣ пайдо намудани намояндагони Ширкати “Çalık Holding” аз як қатор корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар назар дошта шудааст”, - таъкид доштааст манбаъ.Ширкати “Çalık Holding” дар самтҳои саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, сохтмон, энергетика, молия, телекоммуникатсия ва технологияҳои рақамӣ фаъолият дошта, корхонаҳои нассоҷии зерсохтори ширкати мазкур қатори истеҳсолкунандагони бузурги матои ҷинс дар ҷаҳон шомил буда, иқтидори истеҳсоли 55 млн метр матои ҷинс дар як солро доро мебошанд.Ширкат бо брендҳои ҷаҳонӣ аз қабили Diesel, Replay, G-Star, Tommy Hilfiger, Pepe Jeans, Topshop, River Island, Marks & Spencer, Citizen of Humanity, Guess, Joe’s Jeans, Good American, Frame, Banana Republic, H&M, GAP, Zara, IKEA, LIDDLE, TESCO, SEARS ҳамкорӣ доштааст.
https://sputnik.tj/20210503/turkiya-tojikiston-hamkoriho-naqliyot-tavsae-1039238604.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516063_351:0:3072:2041_1920x0_80_0_0_12b571a318558913860f6d784a025f88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, тиҷорат, ҳамкорӣ, туркия
тоҷикистон, саноат, тиҷорат, ҳамкорӣ, туркия
Тоҷикистон бо Туркия бозорҳои нави фурӯши маҳсулот меҷӯяд
Дар Душанбе мулоқоти роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати “Çalık Holding”-и Туркия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Бино бар иттилои даафтари матбуоти вазорати саноати Тоҷикистон, ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо байни корхонаҳои саноатӣ бо ширкати мазкур, роҳҳои дарёфти бозорҳои нави фурӯши маҳсулот ва мубодилаи таҷриба байни мутахассисон дар самтҳои дахлдор маҳсуб меёбанд.
“Ҳамчунин, боздид ва аз наздик шиносоӣ пайдо намудани намояндагони Ширкати “Çalık Holding” аз як қатор корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар назар дошта шудааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ширкати “Çalık Holding” дар самтҳои саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, сохтмон, энергетика, молия, телекоммуникатсия ва технологияҳои рақамӣ фаъолият дошта, корхонаҳои нассоҷии зерсохтори ширкати мазкур қатори истеҳсолкунандагони бузурги матои ҷинс дар ҷаҳон шомил буда, иқтидори истеҳсоли 55 млн метр матои ҷинс дар як солро доро мебошанд.
Ширкат бо брендҳои ҷаҳонӣ аз қабили Diesel, Replay, G-Star, Tommy Hilfiger, Pepe Jeans, Topshop, River Island, Marks & Spencer, Citizen of Humanity, Guess, Joe’s Jeans, Good American, Frame, Banana Republic, H&M, GAP, Zara, IKEA, LIDDLE, TESCO, SEARS ҳамкорӣ доштааст.